26 январи соли 2026 дар бинои Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини якуми директори генералии Ширкати истеҳсолкунандаи ҳавопаймоҳои «COMAC» Лян Тсюмин ва роҳбарияти Ширкати ҳавопаймоии «Chengdu Airlines» Чжу Юйлун бо директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ҳабибулло баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба дурнамои харидории ҳавопаймоҳои истеҳсоли ширкати «COMAC», инчунин имкониятҳои кушодани хатсайрҳои нави ҳавоиро ба шаҳрҳои дигари Ҷумҳурии Мардумии Чин аз ҷониби Ширкати ҳавопаймоии «Chengdu Airlines» мавриди баррасӣ қарор доданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки аз 1 июли соли 2025 аз ҷониби ширкати «Chengdu Airlines» парвозҳо дар хатсайри Хуҷанд — Қошғар — Хуҷанд бо басомади як маротиба дар як ҳафта ба роҳ монда шуда, ҳамзамон ширкати мазкур дар нақша дорад, ки парвозҳои худро ба дигар шаҳрҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин ба роҳ монад.
Қобили зикр аст, ки баргузории чунин вохӯриҳо ба таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин мусоидат менамояд.
Аксҳо аз ҷараёни баргузорӣ.