Санаи 7 декабри соли 1996 аз ҷониби Маҷмааи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид Рӯзи байналмилалии авиатсия эълон гардид. Соҳаи авиатсия низоми мураккаб буда, таваҷҷӯҳи бештарро нисбат ба қоидаҳои танзими бехатарии парвозҳо ва хизматрасонии босифат ба мусофирон тақозо менамояд.
Бо дарназардошти муҳиммияти соҳаи авиатсияи гражданӣ ҳамчун соҳаи калидӣ дар рушди иқтисодиёти миллӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2017 Агентии авиатсияи гражданӣ ҳамчун сохтори алоҳидаи муттамарказ, ки танзим ва назорати фаъолияти корхонаҳои авиатсиониро ба роҳ мемонад, таъсис дода шуд.
Ин ниҳоди давлатӣ фаъолияташро дар асоси дастуру супоришҳои роҳбарияти Ҳукумати мамлакат, талаботу қоидаҳои Ташкилотҳои байналмилалии авиатсияи гражданӣ, Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қоидаҳои авиатсионии кишвар ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ мондааст.
Мусаллам аст, ки ташаккули фаъолияти соҳаи авиатсия маҳз дар солҳои соҳибистиқлолии кишварамон оғоз гашт. Бо дастгирӣ ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон чун соҳаҳои дигар, сол аз сол рушди тоза ёфта, ба хотири хизмати шоиста ба мардум тадбирҳои муассиру муфид андешида шуд, ки минбаъд дар миёни кишварҳои мутараққӣ ҷойгоҳи хоси худро касб кард.
Айни замон, дар доираи ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти авиатсияи гражданӣ бо 30 кишварҳои хориҷи дуру наздик созишномаҳо оид ба алоқаи ҳавоӣ ба имзо расидааст, ки аз онҳо 9 кишвари ИДМ (Федератсияи Россия, Белорусия, Украина, Озарбойҷон, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Арманистон ва Ӯзбекистон), 8 кишвари Иттиҳоди Аврупо (Фаронса, Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ, Люксембург, Олмон, Австрия, Чехия, Латвия ва Туркия) ва 13 кишвари Осиё (Эрон, Афғонистон, Ҳиндустон, Чин, Покистон, Тайланд, Арабистони Саудӣ, Амороти Муттаҳидаи Араб, Баҳрайн, Қатар, Қувайт, Корея ва Салтанати Умон) мебошанд.
Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми кормандони авиатсияи граждании Тоҷикистон ва корхонаҳои авиатсионии кишвар дар роҳи инкишофи бемайлони минбаъдаи соҳа саъю талош менамоянд ва баҳри васеъ намудани ҷуғрофияи парвозҳо, харидорӣ намудан ва ҷалби бештари анвои нави ҳавопаймоҳои муосир, ташкили шоистаи парвози ҳавопаймоҳо, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба мусофирон, ҳифзу саривақт дастрас намудани борҳои интиқолшаванда, таъмини комили низому амнияти парвозҳо, таҷдиду бунёди терминалу аэровокзалҳои ҳозиразамон, навсозии хатҳои парвозу нишаст, харидани таҷҳизоту мошинолоти навтарин дар фурудгоҳҳо ва як қатор масоили дигари соҳа аз ҷониби масъулини соҳа пайваста тадбирҳои таъхирнопазир андешида мешаванд.
Тамоми мутахассисони соҳаи авиатсияи граждании кишвар, собиқадорони соҳаи авиатсияи гражданӣ ва ҳавонавардони сарбаланди Тоҷикистонро бо Рӯзи байналмилалии авиатсия муборакбод намуда, барояшон сиҳатмандӣ, офияту осудагии рӯзгору зиндагӣ, умри бардавому бобаракат, парвози бароҳату бехатар ва дар фаъолияти пурифтихорашон дар роҳи шукуфоии Ватани маҳбубамон пирӯзиву-пешравӣ ва сарбаландиву комёбиҳои беназирро таманно менамоем.