Ҳар як давлату миллат барои нигоҳ доштани пояҳои устувори худ ниёз ба қонуни олӣ дорад, ки ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба роҳ мемонад.
Барои миллати тоҷик ин санади муҳими таърихӣ — Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки 6 ноябри соли 1994 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид.
Аз он рӯз инҷониб, ҳар сол 6 ноябр ҳамчун Рӯзи Конститутсия таҷлил мегардад.
Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рӯйдодҳои муҳимтарин дар таърихи навини давлати миллӣ мебошад.
Он дар шароите қабул гардид, ки кишвар баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ба давраи нави давлатсозӣ ворид мешуд.
Конститутсия ҳамчун санади олӣ ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро кафолат дода, сохтори давлатдорӣ, ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судиро муқаррар намуд.
Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 6 ноябри соли 1994, бо ибтикори Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчун як воқеаи тақдирсоз дар таърихи давлатдории навини тоҷикон сабт гардид.
Ин санад натиҷаи иродаи умумихалқӣ буда, заминаи ҳуқуқӣ ва сиёсиро барои барқарории сулҳу ваҳдати миллӣ гузошт.
Пешвои миллат таъкид намудаанд: «Конститутсия омили бақои давлат, ваҳдати миллат ва кафили ҳаёти осоиштаи мардум аст».
Конститутсия аз 10 боб ва 100 модда иборат буда, ҳар яке пояи муҳими давлатдорӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро муайян мекунад.
Боби якум — асосҳои сохтори конститутсионӣ ва соҳибистиқлолии давлатро муқаррар мекунад.
Боби дуюм — ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро кафолат дода, инсонро арзиши олӣ мешуморад.
Боби сеюм — шаклҳои гуногуни моликиятро эътироф намуда, рушди иқтисоди бозаргонаро таъмин месозад.
Боби чорум — ҳокимияти қонунгузор, яъне Маҷлиси Олӣ-ро ҳамчун мақоми олии намояндагӣ муайян мекунад.
Боби панҷум — нақши Президент-ро ҳамчун сарвари давлат ва рамзи ваҳдати миллӣ муайян менамояд.
Боби шашум — фаъолияти Ҳукумат-ро ҳамчун мақомоти иҷроияи олии давлат танзим мекунад.
Боби ҳафтум — ҳокимияти судиро ҳамчун кафили адолат ва қонунмандӣ муаррифӣ менамояд.
Боби ҳаштум — принсипҳои идоракунии маҳаллиро бо иштироки шаҳрвандон нишон медиҳад.
Боби нӯҳум — тартиби ҳимояи амният ва сохтори низомии давлатро муқаррар менамояд.
Боби даҳум — тартиби ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия-ро, ки танҳо бо райъпурсии умумихалқӣ имконпазир аст, муайян мекунад.
Конститутсияи Тоҷикистон на танҳо ҳуҷҷати ҳуқуқӣ, балки манифести ваҳдату истиқлол аст.
Дар давоми зиёда аз 34 соли амали он, кишвари мо таҳти роҳбарии оқилонаи Пешвои миллат ба марҳалаи нави рушди устувор ворид гашт.
Имрӯз Конститутсия ҳамчун рамзи адолат, озодӣ ва ҳувияти миллӣ боқӣ монда, барои наслҳои оянда роҳи равшан ба сӯйи пешрафт ва саодатро нишон медиҳад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миқёси кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дуюмин санади олии ҳуқуқие мебошад, ки бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шудааст.
Ҳамзамон, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби коршиносон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, мутахассисони Федератсияи Русия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва як қатор кишварҳои Аврупо баҳои баланд гирифта, яке аз панҷ Конститутсияи беҳтарини давлатҳои узви Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо эътироф шудааст.
Дар семинари имрӯза бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти унвони “Конститутсия — шиносномаи миллат” баргузор мегардад, мехоҳам қайд намоям, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсули андешаи миллӣ ва арзишҳои бунёдии халқӣ кишвар буда, барои ҳифзи истиқлолият, аз оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ берун овардани ҷомеа, барқарор намудани фаъолияти сохторҳои фалаҷшудаи давлатӣ, таъмин намудани амнияти миллӣ, тартиботи ҷамъиятӣ, ба Ватан баргардонидани гурезаҳо, инчунин, ҷиҳати мустаҳкам кардани заминаҳои сиёсиву ҳуқуқӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии давлат шароити мусоиди ҳуқуқиро фароҳам овард.
Он низоми идоракунии авторитариро ба рақобати озоди-сиёсӣ ва муколама иваз намуд ва имкон дод, то Тоҷикистони соҳибистиқлол ба сафи давлатҳои демократии ҷаҳони муосир ворид шавад ва ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ эътироф гардад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввал ба Конститутсия аҳамияти махсус доданд. Таҳти роҳбарии оқилонаи ӯ борҳо ба Конститутсия тағйиру иловаҳо ворид гардиданд, ки ба талаботи замон ва рушди демократияи миллӣ ҷавобгӯ мебошанд. Ҳамин тағйиротҳо имкон доданд, ки Тоҷикистон ҳамчун давлате устувор ва боқувват дар арсаи байналмилалӣ эътироф гардад, инчунин тазаккур бояд дод, ки ба Қонуни асосии кишвар се маротиба:
Тағйиру иловаҳое, ки мутобиқи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба Конститутсия ворид гардиданд, воситаи муҳимми ризоият, созиш, ваҳдат ва суботи ҷомеа гаштанд.
Дар асоси тағйиру иловаҳои соли 1999-воридгашта аввалин маротиба дар мамлакат Парламенти касбии дупалатаӣ — Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон таъсис ёфта, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ мувофиқи таҷрибаи маъмули ҷаҳонӣ ба роҳ монда шуд.
Зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳои баъдӣ, пеш аз ҳама, ба танзими тараққиёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва таҳкими кафолатҳои ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд вобаста буд.
Такмили Конститутсия имкон фароҳам овард, ки дар таҳкими минбаъдаи дастовардҳои истиқлолият, мустаҳкам гардонидани рукнҳои давлатдорӣ, ваҳдату суботи ҷомеа, бунёди ҷомеаи воқеан шаҳрвандӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангӣ, болоравии обрӯву нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ қадамҳои боз ҳам устувор гузошта шаванд.
Бо қабули Конститутсия дар инкишофи давлатдории Тоҷикистон марҳалаи нави таърихӣ оғоз гардид ва он моро ба дигаргуниҳои азими сиёсиву ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва созандагиву бунёдкорӣ роҳнамоӣ кард.
Воқеан, Конститутсия шоҳсутун ва шиносномаи давлат, санади тақдирсоз ва таъйинкунандаи сарнавишти ҳар халқу миллат мебошад.
Ин санади олии ҳуқуқӣ бояд мавриди омӯзиши дақиқи тамоми қишрҳои ҷомеа, аз ҷумла мутахассисони ҷавон ва кормандони соҳаи авиастсияи граждании кишвар қарор гирад ва мо насли ҷавонро дар рӯҳияи эҳтиром ба он тарбия намуда, волоияти қонунро таъмин созем.
Зеро, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешарони намудаанд, ки «Танҳо ҳамон миллате дар байни оламиён соҳиби обрӯ мегардад, ки Конститутсия ва қонунҳои худро эҳтиром ва риоя мекунад, танҳо ҳамон давлате нуфуз пайдо менамояд, ки шаҳрвандонаш сарфи назар аз мансубияти нажодӣ, миллӣ ва диниашон эҳтиром ва волоияти қонунро ба ҷо меоранд ва дар айни замон ба арзишҳои беҳтарини башарият арҷ мегузоранд».
Баромад кард: Сулаймонов Фируз – муовини сардори раёсати назорати авиатсионӣ-сардори шуъбаи назорат оид ба истифодабарии парвозӣ-техникӣ.