eDavlat
Государственные символы
RU
TJ
RU
EN
Государственные органы
Загрузка…
Онлайн-чат
Открыть меню
RU
TJ
RU
EN
МУСОБИҚАИ ҶУМҲУРИЯВИИ ВОЛЕЙБОЛ МИЁНИ ОЛИМОНИ ҶАВОНИ АМИТ ВА АГЕНТИИ СУҒУРТА ВА ИҶТИМОӢ
Главная
More
Национальная Академия Наук Таджикистана
Новости
МУСОБИҚАИ ҶУМҲУРИЯВИИ ВОЛЕЙБОЛ МИЁНИ ОЛИМОНИ ҶАВОНИ АМИТ ВА АГЕНТИИ СУҒУРТА ВА ИҶТИМОӢ
Единый портал государственных услуг
Президент Республики Таджикистан
Правительство Республики Таджикистан
Исполнительный орган государственной власти города Душанбе
АМИТ "Ховар"
Национальный центр законодательства при Президенте Республики Таджикистан
1 октября 2026
МУСОБИҚАИ ҶУМҲУРИЯВИИ ВОЛЕЙБОЛ МИЁНИ ОЛИМОНИ ҶАВОНИ АМИТ ВА АГЕНТИИ СУҒУРТА ВА ИҶТИМОӢ
Имрӯз 01.10.2026. бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни олимони ҷавони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва намояндагони Агентии суғурта ва иҷтимоӣ ва дигар вазорату идораҳо мусобиқаи ҷумҳуриявии…
Previous slide
Next slide
Имрӯз 01.10.2026. бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни олимони ҷавони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва намояндагони Агентии суғурта ва иҷтимоӣ ва дигар вазорату идораҳо мусобиқаи ҷумҳуриявии волейбол баргузор гардид.
Чорабинии мазкур бо мақсади таҳкими дӯстиву ҳамкорӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби ҷавонон ба варзиш ва таҳкими робитаҳои байниидоравӣ ташкил карда шуд.
Дар рафти мусобиқа ҳар ду даста маҳорати хуби варзишӣ, чолокӣ, ҳамоҳангӣ ва ҳисси баланди дастаҷамъиро нишон доданд. Рақобат дар фазои дӯстона ва рӯҳияи баланди варзишӣ сурат гирифта, иштирокчиён бо риояи қоидаҳои волейбол ва эҳтироми якдигар сабқат намуданд.
Таъкид гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳои варзишӣ дар таҳкими дӯстӣ ва ҳамкории ҷавонон, ташаккули рӯҳияи солими рақобат ва тарғиби тарзи ҳаёти солим нақши муҳим дорад.
Дар фарҷоми мусобиқа ба иштирокчиён барои иштироки фаъол изҳори сипос карда шуда, ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи чунин чорабиниҳои муштарак иброз намуданд.