Имрӯз, 21 сентябр дар идомаи тантанаҳои ҷашни муқаддаси 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Институти зоология ва паразиталогияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон «Озмоишгоҳи муборизаи интегратсионӣ бар зидди зараррасонҳои зироатҳои кишоварзӣ» муҷаҳҳаз бо техникаву асбобҳои муосир бо иштироки президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва дигар олимону муҳаққиқон мавриди истифода қарор дода шуд.
Бояд гуфт, ки ба истифода додани озмоишгоҳи мазкур бо назардошти зарурати рушди илмҳои табиӣ ва риёзӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардид, ки ин аз таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудани Ҳукумати мамлакат ба таъмини рушд ва инкишофи устувори кишвар гувоҳӣ медиҳад.
Зимни ифтитоҳ зикр гардид, ки таъмини бехатарии биологӣ ва амнияти озуқавории мамлакат яке аз ҳадафҳои муҳимтарини стартегии кишварамон мебошад. Махсусан барои Тоҷикистон, ки соҳаи аграрӣ ва саноатӣ самтҳои афзалиятнок ба шумор меравад, ҷиҳати дар сатҳи саноатӣ ба даст овардани маҳсулоти кишоварзӣ мавҷуд будани озмоишгоҳҳои ба таври доимӣ амалкунанда ва бурдани мушоҳидаҳои пайваста аз рӯи зараррасонҳои асосии соҳаи кишоварзӣ хеле муҳим арзёбӣ мегардад.
Қайд гардид, ки Озмоишгоҳи муборизаи интегратсионӣ бар зидди зараррасонҳои зироатҳои кишоварзӣ як воҳиди илмӣ-таҳқиқотӣ ва амалӣ ба шумор рафта, самти фаъолияти он ба гузаронидани мониторинги пайваста, муайян намудани таркиби намудии зараррасонҳо, таҳқиқ, баҳодиҳӣ ва мубориза бар зидди зараррасонҳои зироатҳои кишоварзӣ нигаронида шудааст.
Дар озмоишгоҳ вобаста ба фаъолнокии мавсимӣ ва пешгӯии давраи авҷи зараррасонҳои асосии зироатҳои кишоварзӣ мушоҳидаҳои доимӣ гузаронида мешавад ва бар зидди зараррасонҳо усулҳои мувофиқ ва самарабахш амалӣ карда мешавад. Бо мақсади ба кор бурдани усули интегратсионӣ дар ин озмоишгоҳ парвариши як қатор ҳашароти фоидаовар – энтомофагҳо ба роҳ монда мешавад. Яке аз усулҳои барои ҳаёти инсон ва табиат безарар усули муборизаи биологӣ буда, яке аз ҷузъҳои асосии муборизаи интегратсонӣ ба шумор меравад. Дар доираи фаъолияти озмоишгоҳ ба роҳ мондани истифодаи васеи технологияҳои муосири ҳимояи зироатҳои кишоварзӣ аз зараррасонҳо, аз ҷумла истифодаи феромонҳо, муборизаи микробиологӣ ва санҷиши усулҳои гуногуни ҳифзи зироатҳо ба таври комплексӣ ба роҳ монда мешавад.
Дар сохтори озмоишгоҳ 5 ҳуҷраи махсуси муҷаҳҳазгардонидашуда, як ҳуҷраи ёрирасон ва як ҳуҷраи корӣ ҳамчун як низоми ба ҳам алоқаманди илмӣ ва амалӣ фаъолият мекунанд.
Дар озмоишгоҳ утоқҳои мониторинг ва муайянкунии зараррасонҳо, парвариши оммавии душманони табиии зараррасонҳо, санҷиши усулҳои ҳифзи зироатҳо, муборизаи макро- ва микробиологӣ, инчунин парвариши ҳашароти зараррасон барои афзун намудани энтомофагҳо, ҳуҷраи корӣ ва ҳуҷраи ёрирасон мавҷуд мебошанд. Ҳамаи утоқҳои озмоишгоҳ бо техника, таҷҳизот ва технологияҳои муосир муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.
Раванди асосии кор аз мониторинг ва муайянкунии зараррасонҳо → парвариши ҳашароти хуҷаин ё ғизоӣ → санҷиши усулҳои ҳифзи зироатҳо → парвариши оммавии душманони табиии зараррасонҳо иборат бошад.