Имрӯз, 26 август дар толори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии…
Имрӯз, 26 август дар толори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳошияи эълон намудани солҳои 2025–2034 ҳамчун «Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои криосфера» Конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии хеш нахуст ҳозиринро ба муносибати ҷашни муқаддаси 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, иброз дошт, ки баргузории ин ҳамоиши ҷумҳуриявӣ дар арафаи ҷашни фархундаи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мо аҳамияти хосса дорад.
Таъкид гардид, ки Истиқлоли давлатӣ на танҳо марҳилаи нави рушди давлатдорӣ, балки заминаи устувори ташаккул ва таҳкими тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар, аз ҷумла низоми идоракунии захираҳои табиӣ, рушди илм ва технология, инчунин таҳкими иқтидори миллӣ дар самти пешгирии хатарҳои табиӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим мебошад.
Қайд гардид, ки таъсири тағйирёбии иқлим дигар танҳо мавзӯи пешгӯиҳои илмӣ барои оянда нест, балки ба воқеияти ҳаррӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Бо суръати обшавии пиряхҳо дар минтақаи мо, тибқи арзёбиҳои мавҷуда, қариб се маротиба аз нишондиҳандаи миёнаи ҷаҳонӣ зиёд мебошад. Ин раванд танҳо мушкилоти экологӣ набуда, ба амнияти обӣ, амнияти озуқаворӣ, рушди иқтисодӣ ва суботи иҷтимоии кишварҳои минтақа таъсири ҷиддӣ мерасонад.