1 августи соли 2026 дар вилояти Суғд бахшида ба фаъолияти илмӣ ва илмию ташкилии академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Улмас Мирсаидов маҳфили илмию адабии «Хирад» баргузор гардид. Дар доираи ин ҳамоиши илмӣ ду китоби тозанашр рӯнамоӣ шуд, ки яке аз онҳо ба қалами академик Улмас Мирсаидов тааллуқ дошта, китоби дигар аз ҷониби шогирдон ва ҳамкорони ӯ дар бораи зиндагинома, фаъолияти илмӣ ва саҳми арзишманди ин донишманди барҷаста дар рушди илм омода гардидааст.
Ба кори маҳфил директори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Мирсаидзода Илҳом ҳусни оғоз бахшида, таъкид намуд, ки академик Улмас Мирсаидов аз зумраи олимони соҳибмактаб ва шахсиятҳои барҷастаи илми тоҷик буда, фаъолияти чандинсолаи ӯ дар рушди илмҳои табиатшиносӣ, тарбияи кадрҳои баландихтисос ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалии илмӣ саҳми арзишманд гузоштааст.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт зимни суханронии худ иброз дошт, ки рӯнамоии китобҳои тозанашр, ки ба ҳаёт ва фаъолияти илмии академик Улмас Мирсаидов бахшида шудаанд, нишонаи эҳтиром ба заҳмати олимони ватандӯст ва қадршиносии саҳми онҳо дар рушди илми миллӣ мебошад. Зикр гардид, ки мактаби илмии академик Улмас Мирсаидов имрӯз низ фаъол буда, шогирдони ӯ дар муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии кишвар корҳои арзишманди таҳқиқотиро идома дода истодаанд.
Қайд карда шуд, ки Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо дастгирии сиёсати илмпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои рушди илм, тақвияти неруи зеҳнӣ, тарбияи олимони ҷавон ва муаррифии дастовардҳои олимони тоҷик таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, баргузор намудани чунин маҳфилҳои илмиву адабиро ҳамчун воситаи муҳими тарғиби мероси илмии донишмандон идома медиҳад.
Дар идомаи маҳфил муаллифони китобҳо, ҳамкорон, шогирдон ва иштирокчиёни ҳамоиш доир ба фаъолияти бисёрсолаи академик Улмас Мирсаидов, нақши ӯ дар рушди илмҳои кимиё, омода намудани мутахассисони соҳибихтисос ва саҳмаш дар ташаккули мактаби муосири илмии тоҷик суханронӣ намуда, ба мазмуну муҳтавои китобҳои рӯнамоишуда баҳои баланд доданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ ба академик Улмас Мирсаидов барои хизматҳои шоиста дар рушди илм, омода намудани насли нави олимон ва саҳми арзандааш дар пешрафти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон изҳори сипос ва таманниёти нек баён гардида, китобҳои тозанашр ба ҳозирин муаррифӣ шуданд.