Имрӯз, 20 июл бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар заминаи эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» дар Институти физикаю…
Имрӯз, 20 июл бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар заминаи эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» дар Институти физикаю техникаи ба номи С. У. Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон озмоишгоҳи наву замонавии электроникаи квантӣ бо иштироки президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва дигар олимону муҳаққиқон мавриди истифода қарор дода шуд.
Маврид ба зикри хос аст, ки имрӯзҳо фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ барои олимону муҳаққиқон, таъсиси озмоишгоҳҳои наву замонавӣ ва бо таҷҳизоту технологияҳои муосир муҷаҳҳаз намудани онҳо аз сиёсати созанда ва дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад.
Бояд гуфт, ки мавриди истифода қарор гирифтани озмоишгоҳи электроникаи квантӣ қадами муҳим дар самти рушди илмҳои дақиқ, густариши таҳқиқоти бунёдӣ ва амалии физикӣ, инчунин таҳкими иқтидори илмӣ-таҳқиқотии кишвар ба ҳисоб меравад. Озмоишгоҳи мазкур барои гузаронидани таҳқиқоти илмӣ дар самти технологияҳои квантӣ, электроникаи муосир, системаҳои иттилоотӣ ва дигар самтҳои афзалиятноки илмӣ имкониятҳои нав фароҳам меорад.