Имрӯз, 2 июл дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Конфронси IV байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди энергетикаи барқароршаванда» бо иштироки доираи васеи олимону коршиносони сатҳи…
Имрӯз, 2 июл дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Конфронси IV байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди энергетикаи барқароршаванда» бо иштироки доираи васеи олимону коршиносони сатҳи байналмилалӣ, намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва шарикони рушд баргузор гардид.
Ба кори конфронс узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Мадвалиев Умархон ҳусни оғоз бахшида, таъкид дошт, дар шароити тағйирёбии иқлим ва афзоиши талабот ба захираҳои энергетикӣ рушди энергетикаи барқароршаванда яке аз самтҳои муҳими таъмини амнияти энергетикӣ ва рушди устувори кишвар ба ҳисоб меравад.
Таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо доро будани захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ ва имкониятҳои васеи истифодаи манбаъҳои офтобӣ ва бодӣ метавонад дар густариши «энергияи сабз» мавқеи арзандаро касб намояд.