Имрӯз, 24 июн дар толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва ибтикори Институти забон ва адабиёти ба номи А.Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи байналмилалии илмӣ таҳти унвони “Нақши…
Имрӯз, 24 июн дар толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва ибтикори Институти забон ва адабиёти ба номи А.Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи байналмилалии илмӣ таҳти унвони “Нақши Ҷӯрабек Назрӣ дар рушди илм ва фарҳанги тоҷик” баргузори гардид.
Ба кори конфронс ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саломиён Муҳаммаддовуд ҳусни оғоз бахшида, таъкид дошт, ки фаъолияти илмӣ, адабӣ ва ҷамъиятии Ҷӯрабек Назрӣ саҳифаи муҳимме аз таърихи рушди илму фарҳанги муосири тоҷик ба шумор меравад.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии хеш таъкид дошт, ки ҳаёт ва фаъолияти доктори илмҳои филология, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Арбоби шоистаи санъати Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон, Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи равшани ҳамгироии илм, фарҳанг ва ҳунар буда, дар таърихи навини Тоҷикистон ҷойгоҳи махсус дорад.