Санаи 15–уми ноябри соли 2025 дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №124-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони бахши ҷавонони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо волидайн ва хонандагони синфҳои болоӣ ва омӯзгорон суҳбату вохӯрӣ баргузор намуданд.
Ҳамзамон дар рафти вохӯрӣ доир ба санадҳои меъёри ҳуқуқие, ки муомилоти қонунии воситаҳои нашъадор моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳоро ба танзим медароранд, инчунин омил ва оқибатҳои сар задани нашъамандӣ, бемориҳои сироятӣ аз он ҷумла ВНМО/БПНМ, ҷудошавии оилаҳои ҷавон, шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, фаро гирифтан ба таҳсили ғайриқонуниии динӣ, аз ҷониби кормандони Агентӣ ба саҳми иштироккунандагон расонида шуд.