Бо ташаббуси Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 4 ноябри соли 2025 чорабинии хизматчиёни давлатӣ таҳти унвони «Конститутсия ва хизмати давлатӣ: пояи давлатдории муосир» бахшида ба 31 - солагии қабули Конститутсияи…
Бо ташаббуси Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 4 ноябри соли 2025 чорабинии хизматчиёни давлатӣ таҳти унвони «Конститутсия ва хизмати давлатӣ: пояи давлатдории муосир» бахшида ба 31 - солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон – муовини директори Агентӣ, Мухторов Зайниддин Мухторович – ректори Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар Душанбе, Нурляминзода Гулнора – сардори Раёсати таъминоти ҳуқуқии Дастгоҳи суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдухолиқзода Акмал – мудири кафедраи ҳуқуқи байналмилалии Академияи идоракунии давлатӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҳамчунин, дар чорабинии мазкур кормандони Агентии хизмати давлатӣ, магистрантон-хизматичёни давлатии “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон, Ҳанс Зайдели Олмон ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.
Дар ифтитоҳи ҳамоиши мазкур муовини директори Агентӣ Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон иштирокчиёнро бо 31-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуда, зимни суханронӣ иброз карданд, ки матни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар пояи андешаҳои созанда, арзишҳо ва суннату анъанаҳои бебаҳои миллӣ ва дар як вақт бо дарназардошти тафаккур ва таҷрибаи пешқадами ҷомеаи мутамаддини башарӣ таҳия гардид.
Бузургӣ ва аҳамияти ин санади таърихӣ, пеш аз ҳама, дар он ифода меёбад, ки он бори нахуст аз ҷониби худи халқ ва барои халқ бо роҳи ифодаи озодонаи майлу иродаи шаҳрвандони мамлакат қабул карда шуд.
Дар рафти чорабинӣ аз ҷониби баромадкунандагон қайд карда шуд, ки 31 сол муқаддам мардуми шарафманд ва сарбаланди тоҷик ба хотири ояндаи неку дурахшони давлату миллат, бо масъулияти баланди шаҳрвандию инсонӣ дар давраи басо мушкил Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли худро тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул намуд.
Бешубҳа, қабули Конститутсия дастоварди шоёни халқ дар роҳи давлатсозиву давлатдории навин маҳсуб ёфта, он дар як вақт барои пойдории сулҳу суботи комил, ваҳдати миллӣ ва ташаккули ниҳодҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ нақши бузург дорад.
Ҳамчунин тибқи Конститутсия Тоҷикистон бо сарварии Пешвои муаззами миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муносибатҳои хориҷӣ сиёсати дарҳои кушодро пайгирӣ намуда, омодагии худро дар самти ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо соири давлатҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ дар асоси принсипҳои баробарӣ ва эҳтироми тарафайн эълон кард.