Аз 14 то 19 апрели соли 2025, дар доираи Нақша-ҷадвали тасдиқгардида аз ҷониби Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, курси такмили ихтисос аз руйи барномаи «Сиёсати давлатӣ оид ба муҳоҷирати меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Ҳадафи асосии курс — баланд бардоштани сатҳи дониш, малака ва салоҳияти касбии мутахассисони соҳаи муҳоҷират буда, иштирокчиён — сармутахассисон ва мутахассисони пешбари Хадамоти муҳоҷират аз тамоми шаҳру навоҳии кишвар — дар муҳтавои сиёсати давлатии муҳоҷират, аз ҷумла паҳлӯҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва байналмилалӣ, донишҳои худро таҳким бахшиданд.
Маросими ифтитоҳи курс дар фазои ботантана баргузор шуда, дар он намояндагони мақомотҳои давлатӣ, аз ҷумла муовини директори Агентии хизмати давлатӣ Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон, ноиби якуми ректори Академияи идоракунии давлатӣ Одиназода Фирдавс Ҷалил ва муовини сардори раёсат – сардори шуъбаи муҳоҷирати дохилӣ ва экологии Хадамоти муҳоҷират Маҳмадулозода Хайриддин иштирок намуда, бо суханони ифтитоҳӣ ва баромадҳои пурмуҳтаво ба аҳамияти курс ва нақши муҳими хизматчиёни давлатӣ дар татбиқи сиёсати муҳоҷират таъкид намуданд.
Дар анҷоми курс, ки бо баргузории мизи мудаввар ҷамъбаст гардид, иштирокчиён барои ширкати фаъолона ва бомуваффақият дар раванди омӯзишӣ бо гувоҳномаҳо қадрдонӣ шуданд. Қобили зикр аст, ки шахсони зикршуда дар маросими супоридани гувоҳномаҳо низ ҳузур дошта, бо суханони табрикотӣ ва рӯҳбаландкунанда баромад намуданд.
Ин курс ҳамчун як иқдоми судманд дар роҳи таҳкими неруи зеҳнии кадрҳои соҳаи муҳоҷират арзёбӣ гардида, ба татбиқи босамари сиёсати давлатӣ дар ин самт мусоидати муассир хоҳад кард.