Маълумоти умумӣ
АЗ ТАЪРИХ АГЕНТИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Хадамоти давлатӣ қисми ҷудонашавандаи системаи идоракунии давлатӣ мебошад ва дорои меъерҳои ҳуқуқии танзимкунандаи муносибатҳои давлатӣ ва хидматӣ мебошад. Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъсиси низоми нави давлатдорӣ оғоз намуда , барои марҳила ба марҳила такмил додани низоми идоракунии давлатӣ ва ислоҳоти хизмати давлатӣ заминаи мусоид фароҳам овард. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро арзиши олӣ эътироф мекунад, ки ин яке аз арзишҳои умумиқабулшудаи ҷаҳони мутамаддин мебошад. Дар Байни ҳуқуқҳое, ки Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудаанд (моддаи 27) иштироки бевоситаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар идоракунии давлатӣ ва ҳуқуқи баробар ба хизмати давлатӣ. Ин ҳуқуқ соҳаест , ки муносибати шаҳрвандро ба давлат муайян мекунад ва ҳамзамон моҳияти хизмати давлатиро ҳамчун касб ифода мекунад.