18-уми апрел бо иштироки намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳринав даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид. Иброз гардид, ки озмуни мазкур аз се давр иборат буда,…
18-уми апрел бо иштироки намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳринав даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид.
Иброз гардид, ки озмуни мазкур аз се давр иборат буда, даври якум дар ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, ташкилоту муассиса ва омӯзишгоҳҳо баргузор шуд. Озмуни мазкур бо мақсади ҷалби занону духтарони ҳунарманд, кадбонуҳои соҳибзавқ ба эҳё ва рушди анъанаҳои миллӣ, баланд бардоштани маърифати хонадорӣ, омода намудани духтарон ба ҳаёти мустақилона, эҳё ва ҳифзу нигоҳдошти беҳтарин суннатҳои миллии ниёгонамон дар самти омода намудани хӯрокҳои миллӣ, хӯришҳои болаззат, таомҳои маҳаллӣ, баланд бардоштани завқи кадбонугӣ ва ҳунари дастархонороӣ мебошад.
Кадбонувон, занони соҳибзавқ ва ҳунармандони моҳир аз рӯи талаботҳои Низомномаи озмуни мазкур намуди таомҳои милливу маҳаллӣ, нонҳои гуногун ва хӯришу шириниҳои миллиро пешкаши ҳозирин ва ҳакамон намуданд.
Дар хотима ғолибон ва иштирокдорони беҳтарин бо Диплому Сипосномаҳо ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав сарфароз гардонида шуданд.