Дар шаҳри Турсунзода даври шаҳрии Озмуни «Кадбонуи беҳтарин» бо иштироки намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Иброз гардид, ки тарғиби ҳунари асили фарҳанги кадбонугии занону духтарони тоҷик, гиромидошти шахсияту эътибори зан дар хонавода ва ҷомеа, баланд бардоштани маърифати хонадорӣ, омода намудани духтарон ба ҳаёти мустақилона, арҷ гузоштан ба ҳунари кадбонуҳо, завқи дастархонороӣ, эҳё ва рушди таомҳои миллӣ ва анъанаҳои ороиши миллӣ аз рукнҳои муҳими арзишҳои миллии халқи тоҷик мебошанд. Истеъдоди нотакрори ҳунармандии занону духтарони тоҷик онҳоро ҳамчун занони бохираду порсо, созандаю офаранда ва фарҳангию фарҳангсолор муаррифӣ менамояд.
Озмун бо мақсади тарғиб, эҳё ва ҳифзу нигоҳдошти беҳтарин суннатҳои миллии ниёгони халқи тоҷик дар самти омода намудани хӯрокҳои миллӣ, хӯришҳои болаззат, таомҳои миллии маҳаллӣ, баланд бардоштани завқи кадбонугӣ ва ҳунари дастархонороӣ соли ҳаштум аст, ки гузаронида мешавад.
Изҳор шуд, ки яке аз ҳадафҳои асосии чунин озмунҳои ҷумҳуриявӣ дар самти ҳунармандии занон аз ҳавасмандгардонӣ ва ҷалби занону духтарон ба эҳёи таомҳои миллию маҳаллии аз байнрафта ва ривоҷ додани пухту пази таомҳои миллӣ дар тарабхонаю ошхонаҳо ва зиёд намудани ҷойи нави кор иборат мебошад.