Фарорасии ҷашни Наврўзи байналмилалиро ба кулли сокинони кишвар, модарони арҷманд ва бонувони гиромӣ самимона табрик гуфта, ба ҳамагон саломатӣ, хотирҷамъӣ ва ба Ватани азизамон сарсабзию шукуфоӣ, баракату фаровонӣ орзу менамоям.
Фалсафаи Наврӯз пеш аз ҳама муносибати инсон бо олам мебошад ва ин муносибат дар умум, барои дарёфт кардани дастури устувори зиндагӣ, маънии мавҷудияти инсонро инъикос мекунад, зеро дар ин айём табиат зинда мешавад ва умеди нав барои зиндагии минбаъда ба вуқуъ мепайвандад.
Гузаштагони мо ба Наврўз ҳамчун айёми бедоршавии табиат, оғози киштукор, баробарии шабу рўз, ҷашни хайру эҳсон, накўкориву инсонпарварӣ, созандагиву бунёдкорӣ арҷ гузошта, ҷиҳати эҳёи суннату ойинҳои он талош меварзиданд.
Боиси ифтихор аст, ки ҷашни Наврўз таҳти сиёсати дурандешона ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун падидаи хиради созанда, таҷассумгари фалсафаи таҳаммулгароӣ, сулҳу ваҳдат, ба аҳли башар муаррифӣ гардида, мақоми байналмилалиро соҳиб гардид.
Дар замони соҳибистиқлолии кишвар мақоми ҷаҳонӣ гирифтани Наврўз имкон фароҳам овард, ки мардуми кишварҳои гуногуни олам аз фитрати офарандагии ин падидаи куҳани башарӣ огоҳ гардида, дар таҳкими ҳамзистии осоишта, тақвияти дўстию ҳамдигарфаҳмӣ, ки аслу моҳияти фарҳанги ахлоқии Наврўз аст, бештар таваҷҷўҳ намоянд.
Боиси таъкид аст, ки ҷашни Наврўзи имсола бо санаи фархундаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омада, падидаи фараҳбахшест, ки тамоми сокинон, аз он ҷумла мо занонро водор месозад, ки ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани арзишҳои фарҳанги миллӣ ва татбиқи иқдому ташаббусҳои бунёдкоронаи давлату Ҳукумат фаъолияти густурдаро ба роҳ монда, дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, тарбияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносии фарзандон, талош варзем.
Бори дигар, фарорасии ҷашни Наврўзи Аҷамро ба тамоми мардуми сарбаланди кишвари офтобиамон самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки Шумо хайру баракат, оромию осудагӣ ва ба Тоҷикистони азизамон сулҳу суботи комил орзу менамоям.