Санаи 20 январи соли 2026 дар толори маҷлисгоҳи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии роҳбарияти Хадамоти зиддиинҳисорӣ бо роҳбарияти Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» баргузор гардид. Зимни вохӯрӣ…
Санаи 20 январи соли 2026 дар толори маҷлисгоҳи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии роҳбарияти Хадамоти зиддиинҳисорӣ бо роҳбарияти Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба рушди соҳаи энергетикаи кишвар, таъмини саривақтӣ ва босифати истифодабарандагон бо неруи барқ, кам кардани сатҳи талафоти неруи барқ, беҳтар намудани сатҳи ҷамъоварии ҳаққи истифодаи неруи барқ, инчунин гузариш ба низоми электронии баҳисобгирии неруи барқ ва ҷорӣ намудани пардохтҳои ғайринақдӣ бо мақсади коҳиш додани омилҳои инсонӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.Ҳамзамон, ҷонибҳо аз дастовардҳо ва раванди татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ёдовар гардида, масъалаи татбиқи мақсадноки онҳо ва таъмини рушди устувори соҳа мавриди муҳокима қарор гирифт.Дар ҷараёни мулоқот таъкид гардид, ки бо вуҷуди пешрафтҳои назаррас, дар соҳа як қатор мушкилот ва камбудиҳо ҷой доранд, ки ҳалли онҳо тақвияти тадбирҳои иловагии якҷояро тақозо менамояд.Дар натиҷа, ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати роҳандозии ҳамкории зич ва ҳамоҳангшуда барои бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда ва беҳтар намудани фаъолияти соҳа изҳор намуданд.
Санаи 20 январи соли 2026 дар толори маҷлисгоҳи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии роҳбарияти Хадамоти зиддиинҳисорӣ бо роҳбарияти Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба рушди соҳаи энергетикаи кишвар, таъмини саривақтӣ ва босифати истифодабарандагон бо неруи барқ, кам кардани сатҳи талафоти неруи барқ, беҳтар намудани сатҳи ҷамъоварии ҳаққи истифодаи неруи барқ, инчунин гузариш ба низоми электронии баҳисобгирии неруи барқ ва ҷорӣ намудани пардохтҳои ғайринақдӣ бо мақсади коҳиш додани омилҳои инсонӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Ҳамзамон, ҷонибҳо аз дастовардҳо ва раванди татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ёдовар гардида, масъалаи татбиқи мақсадноки онҳо ва таъмини рушди устувори соҳа мавриди муҳокима қарор гирифт.
Дар ҷараёни мулоқот таъкид гардид, ки бо вуҷуди пешрафтҳои назаррас, дар соҳа як қатор мушкилот ва камбудиҳо ҷой доранд, ки ҳалли онҳо тақвияти тадбирҳои иловагии якҷояро тақозо менамояд.
Дар натиҷа, ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати роҳандозии ҳамкории зич ва ҳамоҳангшуда барои бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда ва беҳтар намудани фаъолияти соҳа изҳор намуданд.