ОГОҲӢ ВА МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ - ЗАМИНАИ ПЕШГИРИИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ
24-уми сентябри соли 2026 дар Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок дар мавзуи «Терроризм ва экстремизм - барҳамзанандаи амну осоиш» бо иштироки сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносии Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллоҳи Қодирӣ ҷаласа баргузор гардид.
Дар ҷаласа кормандони Комиссия таҳти роҳбарии раиси он Мирзоализода Зоиршоҳ иштирок намуданд.
Сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносии Маркази исломшиносӣ Абдуллоҳи Қодирӣ доир ба оқибатҳои номатлуби терроризм ва экстремизм, роҳҳои пешгирии гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ва аҳаммияти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқию динӣ андешаҳои худро баён намуд.
Таъкид гардид, ки терроризм ва экстремизм аз зуҳуроти хатарноки ҷомеаи муосир буда, оқибатҳои ногувор дошта, ба амният, субот ва осоиштагии ҷомеа таҳдид менамоянд. Дар ин замина, пешгирии чунин падидаҳои номатлуб, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқию сиёсӣ ва динӣ, бахусус дар байни ҷавонон, муҳим арзёбӣ гардид.
Дар фарҷом оид ба масъалаҳои баррасишуда табодули афкор сурат гирифт.
Маркази матбуот