(Ба истиқболи 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақилу демократӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохта шуда, масъулияти шаҳрдорӣ низ ба тадриҷ меафзояд. Зеро акнун Душанбе пойтахти давлати мустақилу комилҳуқуқ мебошад. Халқи тоҷик дар тӯли таърихи чандҳазорсолаи худ шаҳру пойтахтҳое бунёд кардааст, ки мавриди таваҷҷуҳи ҷаҳониён буданд.
Суннатҳои шаҳрдорӣ ва санъати меъмории онҳо, ки хусусиятҳои миллӣ ва умумибашарӣ доранд, то замони мо боқӣ мондаанд. Шаҳри Душанбе барҳақ меросдори онҳост, ки бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳматҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ шаҳри Душанбе рӯз аз рӯз ободу зебо гардида, макони сайёҳии тамоми ҷаҳонгардони дунё гаштааст.
Шаҳри Душанбе ба ҳайси даҳгонаи шаҳрҳои амнтарини ҷаҳон ворид гашта, макони баргузории бузургтарин ҳамоишҳои сатҳи чаҳонӣ, аз ҷумла, ҷаласаҳои барномаҳои ҳамкории СММ, СҲШ, САҲА, СААД-и давлатҳои доираи эътимод ва тадбирҳои Осиё, ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, конференсияҳои сатҳи баланди марбути обу экология, муборизаи дастаҷамъӣ алайҳи терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои трансмиллӣ гашта, тавсия ва пешниҳодҳои муфиди он дар сатҳи ҷаҳонӣ пазируфта шудаанд.
Бояд қайд намуд, ки бо қарори ЮНЕСКО 4 августи соли 2004 шаҳри Душанбе бо эътирофи саҳми бузурги он дар таҳкими арзишҳои сулҳ, таҳаммул ва ҳамрайъӣ дар ҳаёти рӯзмарра ба Ҷоизаи Якуми “Шаҳри Сулҳ” дар минтақаи Осиёву Уқёнуси Ором барои солҳои 2002-2003 сазовор дониста шуд. Душанбе яке аз шаҳрҳои зеботарин ва тараққиёфтаи минтақаи Осиёи Марказӣ буда, ба шаҳодати бостоншиносон таърихи беш аз 3000 - сола дорад.
Имрӯзҳо шаҳри Душанбе ба узвияти Федератсияи умумиҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ (WTCF) пазируфта шудааст. Илова бар ин, соли 2018 бино ба натиҷаҳои назарпурсии агентии таҳлилии «ТурСтат»-и Россия пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ба қатори 10 шаҳри дар айёми баҳор барои сайёҳӣ муносиби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шомил шуд. Зимнан, шаҳри Душанбе дар қатори даҳгонаи кишварҳои беҳтарин аз рӯи таъмини амнияти шабона эътироф гардид, ки барои рушду такомули соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат мусоидат менамояд.
Мояи сарфарозист, ки 28 сентябри соли 2019 дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил пешниҳод гардид, ки соли 2021 ба пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе мақоми шаҳри фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дода шавад ва он аз ҷониби сарони давлатҳо якдилона пазируфта шуд.
Яке аз самтҳое дигаре, ки шаҳри Душанберо ҳамчун оинаи таъриху маданияти тоҷикон бештару беҳтар муаррифӣ менамояд, маҳз ҳамкориҳои дурусти байналмилалии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Дар зарфи беш аз 35- соли соҳибистиқлолӣ шаҳри Душанбе ба маркази нишастҳои сатҳи баланд табдил ёфта, нақши созгорро дар баланд бардоштани обрӯ ва эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро намудааст. Айни замон шаҳри Душанбе - пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 20 шаҳрҳои кишварҳои Осиё, Аврупо, Амрико, Африқо ва ИДМ аҳди бародарӣ бастааст.
Муҳимтарин марказҳои ҷолиби шаҳри Душанбе ин майдони Дустӣ бо маҷмааи Исмоили Сомонӣ, Майдони Парчами миллӣ, Қасри миллат, бинои Ҳукумат, Бинои Парламент, Боғи Куруши Кабир, Боғи Алишер Навоӣ, Вазорати корҳои хориҷӣ, Осорхонаи миллӣ, Кохи Наврӯз, Наврӯзгоҳ, Китобхонаи миллӣ, Театри опера ва балети ба номи устод Садриддин Айнӣ, Боғи устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Боғи устод Садриддин Айнӣ, кӯли Душанбе, бозори Меҳргон, чандин театру амфитеатрҳо, Кохи Борбад, Осорхонаи бостоншиносӣ, бузургтарин Масҷиди ҷомеъ дар Осиёи Марказӣ, Маркази Исмоилия, муосиртарин меҳмонхонаҳои сатҳи байналмилалӣ, коллеҷҳо, донишгоҳу донишкадаҳои муосир ва даҳҳо иншооти бузурги фарҳангӣ, маъмурӣ, илмӣ, тандурустӣ ва корхонаҳои саноатӣ мебошанд.
Ороишу фурӯзонии чароғҳои рангаи он беихтиёр дил аз кас мебарад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки: “Пойтахт симо ва оинаи давлату миллат буда, рафъи камбудиву мушкилоти мавҷуда ва ба ҷаҳониён ба таври арзанда муаррифӣ кардани он вазифаи на фақат мақомоти шаҳр, балки тамоми сохтору мақомоти давлатӣ, ҳамаи хизматчиёни давлатӣ ва шаҳрвандони Тоҷикистон мебошад”.
Насли ҷавон, аз ҷумла донишҷӯёнро зарур аст, ки бо истифода аз шароиту имкониятҳое, ки Ҳукумати мамлакат ва шаҳрдори Душанбе муҳайё кардааст, пеш аз ҳама, бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, одобу ахлоқи ҳамидаи шаҳрнишиниро риоя карда, яъне намунаи ибрати ҳамсолони худ бошанд ва ҳамчун шахсиятҳои донишманду босавод ба камол расида, саҳми арзандаи худро дар рушду шукфоии пойтахти ватани азизамон, шаҳри умеду орзуҳои тоҷикон ҷаҳон - Душанбе гузоранд.
Бо боварӣ гуфта метавонем, ки дар доираи сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меҳнатҳои шабонарӯзии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ пойтахти азизамон дар оянда боз ҳам шукуфонтару зеботар мегардад.
Ҷабборзода Умед Убайдулло, директори Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ