(Ба ифтихори 35 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Мардуми шарифи Тоҷикистон аз он ифтихорманд ҳастанд, ки бо заҳмату талош ва ташаббусҳои ояндабинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар сулҳу ваҳдат пойдор буда, Тоҷикистони соҳибистиқлол дар ҷаҳон ҳамчун макони тасмимгириҳои сатҳи байналмилалӣ дар маосили обу иқлим муаррифӣ гардид.
Маълум аст, ки ин ҳама нусрату комёбиҳо дар як давраи хоси таърихӣ осон ба даст наомадаанд. Талошҳои хастанопазири Президенти маҳбуби кишвар дар роҳи барқарории сулҳ ва таҳкими Истиқлоли давлатӣ буд, ки ба чунин рӯзҳои нек расидем. Ин абармарди таърих баробари ба даст гирифтани зимоми давлатдорӣ тавассути аввалин ҳарфу калом ва иқдомоти амалгароёна умед ба фардои рӯшан ва зиндагии шоистаро дар дили мардуми дар чорроҳаи навмедӣ қарордошта зинда карданд.
Пешвои миллат баъд аз интихоб шуданашон ба мақоми Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба минтақаҳои даргир сафар намуда, бо мардум аз наздик суҳбату мулоқотҳои судманд анҷом доданд. Чи сафарҳои пурхатаре буданд, ки бо ҷасорати бемисле анҷом шуданд ва мунтаҳо моро ба қаламрави саодат расонданд.
Воқеан ҳам, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Сарвар, Роҳбару раҳнамои дурбину дурандеш, созанда ва ғамхору ватандӯст аз нахустин рӯзҳои фаъолияти хеш барои анҷом додани рисолати таърихие, ки давру замон ба уҳдаашон гузошта буд, камари ҳиммат баста, дар кӯтоҳтарин муддат мардумро аз яъсу ноумедӣ ба соҳили мурод раҳнамоӣ намуда, эътимод ва бовариро барои расидан ба ояндаи дурахшон дар дилҳои мардум зиёд намуданд.
Яке аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ин эҳёи дубораи арзишҳои таърихиву фарҳангии миллати куҳанбунёду тамаддунофари тоҷик маҳсуб меёбад, ки бо сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванди ногусастанӣ дорад.
Пешвои миллат бо ишора ба арзишу аҳамияти суннатҳои неки гузаштагон дар тарбияи маънавию ахлоқии мардум барҳақ таъкид намудаанд: «Миллати тоҷик соҳиби оину суннатҳои бостонӣ ва фарҳанги қадимӣ буда, дар тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми сазовор гузоштааст. Суннату оинҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо, мисли Наврӯз, Меҳргон, Тиргон ва Сада дар тули таърих барои тарғиби ахлоқу маънавиёти созанда хизмат кардаанд».
Аввалин иқдомоти Роҳбари мамлакат баъди Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Тоҷикистон аз ҷудо намудани 75 ҳазор гектар замин барои беҳбудии зиндагии мардум, бузургдошти ҳазораи «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ, 1100-солагии Давлати Сомониён оғоз ёфта, сипас, бо таҷлили 2500-солагии шаҳри Истаравшан, 2700-солагии шаҳри Кӯлоб, 3000-солагии Ҳисори Шодмон, 1150-солагии сардафтари адабиёти тоҷику форс Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, 1310–солагии бузургдошти саромади мазҳаби ҳанафиёни олам Имоми Аъзам Абуҳанифа Нӯъмон ибни Собит, 5500-солагии Саразми бостонӣ, 700-солагии шоири ғазалсарои тоҷик Камоли Хуҷандӣ ва дигар чорабиниҳо вусъати ҷаҳонӣ пазируфт. Дар натиҷа, имрӯз ҷаҳониён Тоҷикистони азизи моро чун кишвари соҳибтамаддуну соҳибфарҳанг ва дорои таърихи куҳан, миллати тоҷикро тавассути ташаббусҳо ва хизматҳои беназири Пешвои муаззами миллат чун миллати эҷодкору созанда шинохта, ба мақому нуфузи Тоҷикистон дар раванди созандагӣ ва пешрафти ҷаҳони муосир арҷ гузоштанд.
Дар ин замина, аз ҷониби созмони бонуфузи СММ ҳамчун Ҷашни байналмилалӣ пазируфта шудани Наврӯз, шаҳодати он аст, ки мардуми фарҳангофару бунёдкори мо ҳамеша дар саргаҳи тамаддуни башарӣ қарор дошт.
Ба ибораи дигар, ҷаҳонӣ гардидани ин Ҷашни аҷдодӣ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дар шароити кунунӣ, воқеан ташаббусҳои Cарвари давлати мо ҳамчун ибтикори инсонгароёна ва ифодагари ниёзҳои башарият аз сӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ истиқболи самимӣ пайдо намуда, мавқеъ ва мақоми кишвари соҳибтамаддуни моро дар арсаи олам боло мебардорад, зеро маҳз бо ташаббусҳои шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони Истиқлоли давлатӣ оину ҷашнҳои миллӣ ва арзишҳои фарҳангие, ки дар тули асрҳо ваҳдати маънавии мардумро ҳифз мекарданд, аз нав эҳё гардиданд.
Пешвои муаззами миллат пайваста таъкид менамоянд, ки тоҷикон яке аз миллатҳои қадимаи дунё ва дорои таърихи беш аз 6000-сола буда, ҳанӯз аз давраҳои бостонӣ соҳиби саводу қалам, девону дафтар, илмдӯсту адабпарвар, давлатсозу давлатдор, меъмору шаҳрсоз, шаҳрдору шаҳрнишин, яъне фарҳангиву тамаддунсоз ва ободкору созанда ба шумор мераванд.
Акнун Тоҷикистони соҳибистиқлол ба рағми нотавонбинонаш фазои орому осуда дорад ва дар партави сиёсати оқилонаи Президенти мамлакат сол ба сол уфуқҳои нави рушду тараққиётро фатҳ менамояд. Агар нек назар намоям, кишвари мо дар зарфи 35-сол ба дастовардҳои шоёне мушарраф шуд, ки дар ҳеҷ як давраи дигар чунин иттифоқ наафтода буд. Аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо шудан, тавассути сохтани роҳу нақбҳо сарзамини чандпорчаро ба як кишвари воҳид табдил додан, таъмини истиқлоли энергетикӣ, ки ҳоло дар марҳилаи ниҳоии он қарор дорем, бунёди иншооти гуногуни дорои аҳамияти стратегӣ, гулгашту хиёбонҳои нав дар тамоми шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои таҳсилотиву тандурустӣ, ислоҳоти соҳавӣ дар тамоми бахшҳо, аз ҷумлаи музаффариятҳое мебошанд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ ба даст омаданд.
Имрӯзҳо сокинони сарбаланду хушбахти Тоҷикистони соҳибистиқлол дар фазои сулҳу субот, оромию осоиштагӣ зиндагии хуррамона ба сар бурда, дар партави дастуру супоришҳои созанда, дурандешона ва ободкоронаву созандаи Сарвари давлат барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани Ҷашни таърихии миллат 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи самтҳои хоҷагии халқи мамлакат заҳмати софдиллона намуда истодаанд.
Дустмуродзода Комилҷон Одил - директори Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор