(Ба ифтихори 35 -солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Дар ибтидои асри ХХ миллати тоҷик пас аз ҳазор сол бо заҳмату талошҳои шабонарӯзии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нав соҳиби давлати мустақили миллии худ гашта, дар роҳи эъмори ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қадамҳои устувор гузошт. Таҳкими бунёди ҷомеаи навин, қабл аз ҳама, ба худшиносии миллӣ ва худогоҳӣ зарурат дорад, ки он бидуни рӯй овардан ба арзишҳои волои фарҳангии миллат ғайриимкон аст.
Махсусан мавриди баррасӣ қарор додани афкори ҳикматомӯз, ахлоқӣ ва иҷтимоию сиёсии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз аҳамият холӣ набуда, насли наврас ва ҷавони миллатро ба сарчашмаҳои аслии маънавии халқи тоҷик ошно хоҳад кард.
Баъди шикасти давлати абарқудрати Иттиҳоди Шуравӣ, кишварҳои аъзои он ҳар кадом дар навбати худ истиқлолият ба даст оварда, озодона роҳи тараққиёти худро мушаххас намуданд. Аммо сарнавишти Истиқлоли давлати мо – тоҷикон, комилан дигаргуна фоҷиабор оғоз шуд. Сарзамини тозаистиқлол ба маркази бархӯрди манофеи абарқудратҳо табдил ёфт. Каме монда буд, ки давлати тоҷикон аз дасти гурӯҳҳои зархарид ва ҷангу кашмакашиҳо куллан ба нестӣ равад.
Барои Ҷумҳуриии Тоҷикистон ва мардуми дорои таърихи куҳан ду омили асосии ҳалкунанда вуҷуд дошт: яке зуҳури хиради азалии мардум ва дуюм роҳбари фозилу маҳбуб, ки ин хиради мардумро бедор кунад. Билохира, ин ду омил дар Иҷлосияи тақдирсози XVI Шурои Олӣ дар шаҳри Хуҷанд тавъам рӯи кор омад. Дар Иҷлосия муҳимтарин ва хотирмону тақдирсозтарин суханонро Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷасуронаву оқилона ба забон оварда, дилҳои сардро гарму ба ҳам пайванд сохтанд.
Он лаҳзаҳое, ки Роҳбари давлат бо меҳру муҳаббати зиёд парчами навини Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба чашм мемолиду мебӯсид, дар ниҳоди ҳама хурду бузурги миллат, ҳозирини Иҷлосия эҳсоси ватанпарастию инсондӯстиро аланга меандохт. Ҳар суханаш дилпазир буд. Ормон, орзуи мардумӣ, нангу номус, шаъну шарафи ватандорӣ, муҳаббату садоқат акнун ҷойҳои худро мегирифтанд. Ҳарфҳо чунон самимона, ватандӯстона ва бо қатъиёт гуфта шуданд, ки ҳама ба онҳо бовар карду умед баст. Ҳар вожа ҷон дошт, талош дар роҳи наҷоти миллатро ифода мекард. “Ман ба шумо сулҳ меорам!” дар қалби ҳамагон чун шуълаи умед медурахшиду рӯшноӣ меовард. Пешвои муаззами миллат ваъда доданд, ки то охирон гурезаи тоҷикистониро ба Ватан барнагардонанд, ором намегиранд. Ҳарчанд ин бори гарони пурхатари тақдирсози Меҳанро бар дӯш гирифтан осон набуд Савганди ӯ дар партави номи поки Худо садо дод. Сухане, ки дар радифи дуои неки пирон аст.
Номи Худо ба ин савганд ҷилои қудсӣ ато намуд.
Таърихи муборизаи миллатҳо барои ноил гардидан ба истиқлолу озодӣ ва раванди таҳким ва устуворгардонии пояҳои истиқлол нишон медиҳад, ки ҳифзу мустаҳкамии Истиқлоли давлатӣ аз ба даст овардани он душвортар аст. Зеро, агар дар раванди истиқлолхоҳӣ як муборизаи умумӣ кифоя бошад, пас раванди ҳифз ва таҳкими Истиқлоли давлатӣ маҷмуи барномарезиҳо, дидгоҳҳои стратегӣ, иродаи сиёсӣ ва ҳувияти қавии миллиро тақозо менамояд. Албатта, дар раванди пойдориву таҳкими истиқлоли давлат омилҳои гуногун нақши муҳим доранд, вале илмҳои сиёсӣ ва таҷрибаи давлатҳо собит намудаанд, ки дар ҳифзи истиқлоли сиёсӣ ва мавҷудияту бақои давлат сарвари сиёсӣ ҷойгоҳи меҳварӣ дорад. Маҳз фаъолияти ҷудонопазир аз хиради сарвари сиёсӣ имкон фароҳам меорад, ки манфиатҳои миллӣ дар сатҳи зарурӣ ҳимоя шаванд.
Таҳлили раванди бунёд ва ҳифзи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол, дунявӣ, ягона, демократӣ ва ҳуқуқбунёд нишон медиҳад, ки дар ин масир нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург аст.
Таърихи сиёсии кишвар ва марҳилаи аввали соҳибистиқлолии Тоҷикистон гувоҳ аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти мардумӣ дар ҳифзи истиқлоли сиёсии Тоҷикистон нақши калидии худро гузоштанд. Ба ҳама маълум аст, ки миллати тоҷик баъд аз ҳазор сол соҳиби давлати мустақил гардид ва баробари эълони истиқлоли давлат ба вартаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд. Воқеан, он вақт давлати тозаистиқлол дар ҳолати нобудӣ ва миллат дар ҳолати парокандашавӣ қарор дошт. Зуҳури таҳдидҳо, манфиатҷӯии гурӯҳҳои мухталиф ва идомаи низоъҳо ҳамоно сарнавишти ояндаи давлатро норавшан ва истиқлоли сиёсиро зери хатари ҷиддӣ қарор дода буданд. Буҳрони сиёсии бавуҷудомада вуруди шахсияти соҳибхирад, огоҳ, андешаманд ва далеру шуҷоъро тақозо менамуд, ки тавонад бо корнамоии худ миллатро аз парокандагӣ ва истиқлоли давлатро аз нобудӣ ҳифз намояд. Чунин шахсиятро вакилони халқ дар Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ (16 ноябр – 2 декабри соли 1992, шаҳри Хуҷанд) дар симои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон диданд ва ӯро ба сифати Раиси Шурои Олӣ интихоб намуданд. Дар чунин марҳилаи ҳассос ва душвор муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қабл аз ҳама, ҳамчун насли огоҳи миллати тоҷик рисолат ва вазифаи миллии худро дар назди наслҳои гузашта, имрӯза ва оянда ба анҷом расонданд. Яъне, Роҳбари давлат дар саргаҳи фаъолияташон ҳимояи манфиатҳои ҳаётан муҳими давлату миллатро гузошта, ба ин васила истиқлоли сиёсии Тоҷикистонро ҳифз намуданд.
Ниҳоят ҷонбозиҳои Сарвари ҷавону ғаюри миллат бар пирӯзии таърихии он анҷомиду дар пайкари Истиқлоли давлатӣ ҷони дубора дамид. Хушбахтона, миллати мо на танҳо аз ҷанголи ҷангу зулмот раҳо гашт, балки рӯзгори мардуми азияткашида бештар аз интизориҳо беҳбуд ёфт. Захмҳои миллат ҳамвору комилан сиҳат ёфтанд.
Таърих гувоҳ аст ва собит кардааст, ки танҳо халқе аз фалокатҳои сиёсӣ метавонад халос ёбад, ки Пешвои хирадманду азхудгузаштае дошта бошад. Мо бо чашми сар дида истодаем, ки чи қадар халқҳои дунё солҳо боз гирифтори нооромиҳо ҳастанду ғурбатзада. Зеро ҳанӯз роҳбари воқеан ғамхори мардум ва хирадманде чун Эмомалӣ Раҳмон пайдо накардаанд.
Ҳамин тариқ, раванди ҳифз ва таҳкими Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди кишвар дар муддати 35 сол ба фаъолияти шабонарӯзии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастагии амиқ дорад. Барномарезиҳои стратегиву андешамандонаи роҳбарияти олии кишвар Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор муаррифӣ намуд.
Тавре маълум аст, ҷаҳони муосир бо мушкилот ва таҳдидҳои бузург мувоҷеҳ аст. Афзоиши хатару таҳдидҳои терроризму ифротгароии байналмилалӣ, манфиатҷӯии абарқудратҳо, рақобатҳои шадиди геополитикӣ, бархӯрди тамаддунҳо амнияти минтақа ва ҷаҳонро осебпазир гардондаанд. Чунин шакл гирифтани сиёсати ҷаҳонӣ ҳар яки моро водор менамояд, ки дар канори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мутаҳид гашта, саҳми худро дар самти ҳифзу таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва афзудани дастовардҳои нави Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ диҳем. Зеро имрӯз, ки мо дар фазои орому осуда зиндагӣ дорем ва тамоми шароитҳо барои рушди рӯзгори мо фароҳам аст, маҳз самараи соҳибистиқлолии кишвар ва талошҳои созандаи Роҳбари давлат аст.
Ҷаҳонгир Сафарзода, директори Литсейи касбии техникии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров