26 марти соли 2026 дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ёддошти тафоҳум байни Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии таҳсилоти касбии назди Вазорати таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба имзо расид.
Санади мазкур бо иштироки раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ ва вазири таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шарипов Конгратбай Авезимбетович ба имзо расонида шуд.
Ин Ёддошти тафоҳум ҳамчун санади муҳимми ҳамкорӣ, ба рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи таҳсилоти касбӣ заминаи устувор мегузорад. Тарафҳо бо дарназардошти аҳамияти мубодилаи таҷриба, татбиқи усулҳои муосири таълим ва омодасозии мутахассисони рақобатпазир, ба тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори омодагӣ намуданд.
Дар асоси муқаррароти санад ҷонибҳо ният доранд, ки ҳамкориҳоро дар самти баланд бардоштани сифати барномаҳои таълимӣ, мутобиқ намудани онҳо ба талаботи бозори меҳнат ва рушди захираҳои инсонӣ густариш диҳанд. Ҳамкорӣ, пеш аз ҳама, ба табодули иттилоот, таҷриба ва амалияи пешқадам, инчунин татбиқи ташаббусҳои муштарак дар соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ равона мегардад.
Ҳамчунин, дар доираи Ёддошти тафоҳум ташкили мубодилаи омӯзгорон, донишҷӯён ва муҳассилин пешбинӣ гардида, ин иқдом ба баланд бардоштани сатҳи тахассус ва малакаи касбии онҳо мусоидат хоҳад кард. Тарафҳо ба таҳия ва татбиқи барномаҳои муштараки таълимӣ, мубодилаи маводи илмӣ ва методӣ, инчунин таҳияи манобеи нави таълимӣ аҳамияти махсус медиҳанд. Аз ҷумла, баргузории таҳқиқоти муштараки илмӣ ва лоиҳаҳои таълимӣ, ки ба рушди таҳсилоти касбӣ нигаронида шудаанд, аз самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ арзёбӣ мегардад. Инчунин, ташкил ва гузаронидани конфронсҳо, семинарҳо, мизҳои мудаввар ва дигар чорабиниҳои муштарак барои тақвияти робитаҳои касбӣ ва илмӣ дар назар дошта шудааст.
Бо мақсади ҳамоҳангсозии самараноки ҳамкорӣ таъсиси гуруҳи кории муштарак пешбинӣ гардидааст, ки он аз намояндагони ҳарду ҷониб иборат буда, нақшаҳои чорабиниҳоро таҳия ва татбиқи онҳоро ҳамоҳанг месозад. Ҳамзамон, мубодилаи мунтазами иттилоот оид ба раванди иҷрои барномаҳо ва натиҷаҳои бадастомада таъмин карда мешавад.
Қобили зикр аст, ки Ёддошти тафоҳуми мазкур барои ҷонибҳо уҳдадории молиявиро пешбинӣ намекунад ва тамоми масъалаҳои вобаста ба маблағгузории чорабиниҳо дар алоҳидагӣ баррасӣ ва мувофиқа карда мешаванд. Ҳамзамон, ин санад характери ҳамкорӣ дошта, уҳдадориҳои ҳуқуқии ҳатмиро барои давлатҳо ба миён намеорад.
Ба имзо расидани ин санади муҳим бозгӯи сатҳи баланди муносибатҳои дӯстона ва шарикии стратегии миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон буда, қадами устувор дар роҳи рушди соҳаи таҳсилоти касбӣ, омодасозии мутахассисони баландихтисос ва таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ маҳсуб меёбад.