8 октября 2026
Ҷашни Сада яке аз куҳантарин ва пурмуҳтавотарин ойинҳои фарҳанги мардуми ориёинажод ба шумор рафта, реша дар умқи таърихи тамаддуни инсоният дорад. Ин ҷашн, ки аз замонҳои пешин ҳамчун рамзи рӯшноӣ, гармӣ, меҳнатдӯстӣ ва умеди инсон ба фардои нек таҷлил мегардид, имрӯз низ ҳамчун бахши ҷудонашавандаи фарҳанги миллӣ аҳаммияти хосса касб намудааст.
Сада ҷашни оташ ва гармӣ, таҷассумгари пирӯзии ақлу заковат бар торикӣ, ҷаҳолат ва сардии зиндагӣ мебошад. Дар тӯли таърих ин ҷашн ба мардуми тоҷик ва дигар халқҳои ҳамтамаддун ҳамчун ойини худшиносӣ, ваҳдат ва ҳамбастагӣ хизмат карда, арзишҳои волои инсониро тарғиб намудааст. Аз нигоҳи таърихӣ, Сада ҷашнест, ки бо ҳаёти кишоварзӣ, чорводорӣ ва омодагӣ ба фасли баҳор алоқаманд аст. Он дар замоне таҷлил мешуд, ки инсон ба қувваҳои табиат эҳтиром мегузошт ва талош менамуд бо меҳнати ҳалол, сабр ва ирода зиндагии худро обод созад. Оташ дар Сада воситаи гармӣ, рамзи покӣ, нур ва равшангарии зеҳнӣ маҳсуб меёфт. Аҷдодони мо оташро ҳамчун неъмати бузург ва илоҳӣ гиромӣ медоштанд, зеро маҳз он зиндагиро дар сармои зимистон имконпазир месохт ва инсонро ба эҷод ва пешрафт ҳидоят менамуд.
Дар сарчашмаҳои таърихиву адабӣ, аз ҷумла, осори безаволи Ҳаким Фирдавсӣ, Абурайҳони Берунӣ, Умари Хайём ва дигар бузургони илму адаб, ҷашни Сада бо эҳтиром ёд шудааст. Ин худ гувоҳӣ он аст, ки Сада танҳо як маросими маишӣ набуда, балки ҷузъи ҷаҳонбинӣ ва фарҳанги маънавии ниёгони мо маҳсуб мегардад. Тавассути ин ҷашн мардум насл ба насл арзишҳои ахлоқӣ, меҳнатдӯстӣ, дӯст доштани табиат ва эҳтиром ба суннатҳои ниёгонро интиқол медоданд. Бо мурури замон ва таҳти таъсири омилҳои гуногуни сиёсиву иҷтимоӣ, таҷлили Сада мисли дигар ҷашнҳои миллӣ ба канор рафта, қариб аз хотираҳо фаромӯш мешуд. Аммо руҳи ин ҷашн ҳаргиз аз қалби мардум комилан аз байн нарафт. Дар ниҳоди фарҳангии миллат тухми Сада зинда монд ва бо фароҳам омадани шароити мусоид дубора сабзид. Махсусан дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳёи арзишҳои миллӣ ба яке аз самтҳои асосии сиёсати давлатӣ табдил ёфт. Дар ин раванд нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят бузург ва таърихист.
Бо сиёсати хирадмандона ва фарҳангпарваронаи Пешвои миллат масъалаи эҳёи ҷашну ойинҳои аҷдодӣ ҳамчун унсури муҳимми таҳкими худшиносии миллӣ ва ваҳдати ҷомеа дар меҳвари таваҷҷуҳи давлат қарор гирифт. Бо ташаббус ва роҳнамоии Пешвои миллат Сада аз нав ба фазои фарҳангии кишвар баргашт ва мақоми шоистаи худро касб намуд. Эҳёи ҷашни Сада на фақат як иқдоми фарҳангӣ, балки амали дорои аҳаммияти бузурги сиёсиву иҷтимоӣ мебошад. Пешвои миллат бо дарки амиқи таърих ва фарҳанги миллӣ бар он таъкид менамоянд, ки миллате, ки гузашта ва ойинҳои худро мешиносад ва гиромӣ медорад, метавонад ояндаи худро боэътимод бисозад. Аз ҳамин ҷост, ки Сада имрӯз дар қатори Наврӯз, Меҳргон ва Тиргон ҳамчун ҷашни миллӣ бошукуҳ таҷлил мегардад.
Таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлили ҷашни Сада бо мазмуну муҳтавои нав ғанӣ гардида, ба як мактаби тарбиявӣ табдил ёфтааст. Имрӯз ҷашни Сада ҳамчун ойини анъанавӣ ва ҳамчун василаи тарғиби илму дониш, меҳнат, эҳтиром ба табиат ва таҳкими робитаи инсон бо муҳити зист маънидод мешавад. Ин ҷашн мардумро ба истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, ҳифзи муҳити зист ва муносибати масъулона ба неъматҳои табиат даъват менамояд.
Бо ташаббуси Пешвои миллат ҷашни Сада дар тамоми гӯшаву канори кишвар бо иштироки васеи ҷомеа таҷлил мегардад. Дар муассисаҳои таълимӣ, фарҳангӣ ва илмӣ чорабиниҳои гуногун баргузор шуда, ҷавонон бо таърих, моҳият ва аҳаммияти ин ҷашн ошно мегарданд. Ин раванд дар ташаккули ҷаҳонбинии миллӣ ва ҳисси ифтихор аз фарҳанги ниёгон нақши муассир дорад. Пешвои миллат борҳо таъкид намудаанд, ки ҷавонон бояд аз таърихи худ огоҳ бошанд, зеро маҳз онҳо идомадиҳандагони роҳи давлатдории миллӣ мебошанд.
Маврид ба зикри хос аст, ки дар ин раванд ҳамасола ҷиҳати арҷгузорӣ ва пайравӣ аз мероси гаронбаҳои ниёкони бузургамон дар Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҷашни бостонии Сада бо шукуҳу шаҳомати хос ва дар сатҳи баланд таҷлил мегардад, ки ин иқдоми фарҳангӣ ба муҳассилин, омӯзгорон ва кормандони муассиса ғизои ғании маънавӣ бахшида, дар таҳкими худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои аҷдодӣ нақши муассир мегузорад.
Бояд зикр кард, ки Сада ҳамчун ҷашни рамзӣ мардумро ба меҳнату созандагӣ ҳидоят мекунад. Оташе, ки дар ин рӯз афрӯхта мешавад, рамзи гармии дилҳо, иттиҳоду ҳамдилӣ ва умеди фардои равшан аст. Дар шароити ҷаҳонишавӣ, ки хатарҳои аз байн рафтани ҳувияти миллӣ вуҷуд доранд, эҳёи чунин ҷашнҳо нақши сипари маънавиро мебозад.
Пешвои миллат бо сиёсати фарҳангмеҳваронаи худ Тоҷикистонро ҳамчун кишвари дорои тамаддуни бостонӣ ба ҷаҳониён муаррифӣ намудаанд. Имрӯзҳо ҷашни Сада ба як падидаи муҳимми фарҳангӣ табдил ёфта, дар дохили кишвар ва дар сатҳи байналмилалӣ низ таваҷҷуҳи оммаро ба худ ҷалб менамояд. Ин ҷашн ҳамчун далели зиндаи тамаддуни куҳани тоҷикон ва саҳми онҳо дар рушди фарҳанги ҷаҳонӣ муаррифӣ мешавад. Бо талошҳои Пешвои миллат ҷашнҳои миллӣ ба як унсури муҳимми дипломатияи фарҳангӣ табдил ёфтаанд, ки ба муаррифии симои ҳақиқии миллат дар арсаи байналмилалӣ мусоидат мекунанд.
Сада ҳамзамон ҷашни умед аст. Умед ба гармии офтоб, ба фарорасии баҳор, ба ҳосили фаровон ва зиндагии осоишта. Ин умед имрӯз бо сиёсати созанда ва сулҳпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамоҳанг гардида, мардумро ба ояндаи дурахшон бовар мебахшад. Дар ҷомеае, ки арзишҳои миллӣ гиромӣ дошта мешаванд, ҳамеша замина барои рушду пешрафт фароҳам мегардад.
Иронбӣ ШАРИФОВА,
омӯзгори кафедраи забонҳои хориҷии
Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумова