Ҳамасола Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа мегардад.
Паём ҳамчун санади муҳими расмӣ ва барномавӣ самтҳои асосии ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии кишварро муайян намуда, дурнамои рушди давлатро дар дохил ва хориҷ нишон медиҳад. Аз лиҳози мазмуну моҳият, Паёми солонаи Президенти кишвар дар таҷрибаи муосири давлатдорӣ ифодакунандаи принсипҳои муҳими давлати соҳибистиқлол, демократӣ ва ҳуқуқбунёд ба ҳисоб меравад.
Имсол низ бо назардошти талаботи замони муосир ва зарурати таъмини рушди бонизоми зеҳни сунъӣ, рақамикунонии иқтисодиёти миллӣ ва густариши технологияҳои инноватсионӣ, солҳои 2025–2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон гардиданд.
Ин иқдом гувоҳи он аст, ки роҳбарияти олии кишвар ба равандҳои ҷаҳонии рушди технологияҳои рақамӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, гузариш ба иқтисоди рақамиро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ мешуморад.
Имрӯз на танҳо Тоҷикистон, балки тамоми ҷаҳон дар марҳалаи гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт қарор дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҷиҳати таъмини шаффофияти муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ, такмили низоми хизматрасониҳо ва баланд бардоштани самаранокии идоракунӣ қадамҳои устувор мегузорад. Татбиқи саривақтии ташаббуси эълонгардида имкон медиҳад, ки дар панҷсолаи минбаъда ба равандҳои рақамикунонӣ вусъати бештар дода шуда, заминаҳои ҳуқуқӣ такмил ёбанд ва санадҳои меъёрии дахлдор дар самти гузариш ба иқтисоди рақамӣ қабул ва амалӣ гарданд.
Дар шароити муосир рақамикунонии иқтисодиёт ва ҷорӣ намудани барномаҳои рақамиву электронӣ шарти асосии рушду пешрафти давлату ҷомеа ба шумор меравад. Пешвои миллат дар Паёми худ таъкид намуданд:
«Ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт, пешниҳод мешавад, ки солҳои 2025–2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” эълон карда шаванд.»
Ҳамзамон, супориш дода шуд, ки дар заминаи Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионии шаҳри Кӯлоб Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ таъсис дода шуда, ба он мақоми пойгоҳи асосии тайёр намудани мутахассисони соҳаи иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои нав дода шавад. Ин иқдом барои рушди илм, маориф ва тайёр намудани кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат аҳаммияти калидӣ дорад.
Инчунин, ба вазоратҳои адлия, рушди иқтисодиёт ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, инчунин дигар вазорату идораҳои дахлдор супориш дода шуд, ки ҷиҳати тасдиқи нақшаи мукаммали пайваст намудани инноватсия бо истеҳсолот санади меъёрии ҳуқуқии дахлдорро ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод намоянд.
Таъмини рушди бонизоми зеҳни сунъӣ, рақамикунонии иқтисодиёти миллӣ ва технологияҳои инноватсионӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ буда, дар як муддати нисбатан кӯтоҳ бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои инфрасохтори иқтисоди рақамӣ ва асосҳои ҳуқуқии он ташаккул ва тақвият ёфтанд. Истифодаи технологияҳои муосир ва рақамикунонӣ яке аз роҳҳои асосии таъмини шаффофияти хизматрасониҳо, баҳисобгирӣ ва пешгирии коррупсия маҳсуб меёбад.
Бо мақсади татбиқи амалӣ намудани ин сиёсати муҳим, аз ҷониби сарвари давлат пешниҳод гардид, ки то охири соли 2025 пардохтҳои ғайринақдӣ дар соҳаҳои буҷетӣ ва хизматрасониҳои давлатӣ пурра таъмин карда шаванд. Пардохтҳои ғайринақдӣ ҳамчун воситаи муассири шаффофият ва назорат ба рушди устувори ҷомеа ва давлат мусоидат менамоянд.
Аз ин лиҳоз, омода намудани барномасозон ва дигар мутахассисони зарурӣ барои рушди иқтисоди рақамӣ дар низоми таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилоти касбӣ аҳаммияти махсус дорад. Ин раванд тавассути ҳавасмандгардонӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ, бозомӯзӣ ва таҷрибаомӯзӣ дар муассисаҳои пешқадами хориҷӣ амалӣ гардида, ба ташаккули кадрҳои баландихтисоси миллӣ замина мегузорад.
Мувофиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон, кишвар бояд то соли 2030 ба модели нави иқтисодӣ гузарад. Дар ин раванд сармояи инсонӣ нақши ҳалкунанда дошта, бо роҳи омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо дар самти технологияҳои иттилоотӣ ва баланд бардоштани маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар рушд хоҳад ёфт.
Илмия ЛАТИПОВА,
омӯзгори кафедраи зеҳни сунъӣ ва рақамикунонии
Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе
Начало формы