Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ дар Литсейи касбии техникии саноати кӯҳии шаҳри Исфара ҳамоиш баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур муовини раиси шаҳри Исфара Парвина Хуршедзода ва дигар намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ширкат намуданд.
Гуфта шуд, ки рушди ҳунарҳои мардумӣ воситаи муҳимест ҷиҳати муаррифии миллати қадима, беҳгардонии сатҳи зиндагӣ ва бо ҷойи кор таъмин намудани духтарону занон. Тоҷикон, ки аз давраи бостон ҳунарҳои зиёдро доро буданд, хушбахтона ин суннату анъанаҳои миллӣ то айёми мо омада расиданд.
Зикр гардид, ки як муддат ҳунарҳои бостонӣ ба гўшаи фаромўшӣ рафта буданд. Хушбахтона, ин вазъият дер давом накарда, эҳсос шуд, ки дар шароити рушди фанновариҳо, маҳсулоти дастӣ ҷойгоҳи худро гум накардааст, балки таваҷҷуҳ ба он дар ҳоли афзоиш мебошад.
Дар идомаи ҳамоиш хонандагони муассисаи таълимӣ бо роҳбарии устоҳои таълими истеҳсолӣ дастовардҳои худро аз ҷумлаи гулдӯзӣ, адрасбофӣ, тоқидузӣ, таомҳои миллӣ, хӯришҳо ва шириниҳои омода намудаи худро ба марази тамошо гузоштаанд.