Табрикоти президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, доктори илмҳои кишоварзӣ, академики АИКТ - Салимзода Амонулло Файзулло бахшида ба “Рӯзи ҷавонон”
Сиёсати давлатии ҷавонон имрӯз чун чароғи роҳнамоирушди ҷомеа дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро неруи созанда ва пешбарандаи ҷомеа арзёбӣ намуда,ҳаллу фасли масъалаҳои марбут ба ҳаёти ҷавонону наврасонро ҳамчун самти афзалиятнок ва стратегии сиёсати иҷтимоии давлат муайян кардаанд.
Таҷрибаи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон нишон медиҳад,ки ҳамқадам бо рушди соҳаҳои гуногун ва технологияҳои муосир талабот ба ҷавонони соҳибкасбу донишманд рӯз ба рӯз меафзояд. Маҳз чунин неруи соҳибмаърифат метавонад рушди босуботи иқтисодиётро таъмин намояд. Дар Тоҷикистон зиёда аз нисфи аҳолиро ҷавонони то 35-сола ташкил медиҳанд, ки ин аз мавҷудияти иқтидори бузурги зеҳнӣ ва сармояи инсонӣ дарак медиҳад. Ин қишри ҷомеа ҳамчун қувваи пешбаранда дар рушди инноватсия ва технологияҳои нав нақши муҳим мебозад.
Бо ин мақсад, Ҳукумати кишвар барои ҷалби ҷавонон ба фаъолияти соҳибкорӣ, сармоягузорӣ, татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва дигар самтҳои муҳими иқтисодӣ тадбирҳои муассир амалӣ менамояд.
Дар ин замина, қабули «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли2021, таҳти №264 тасдиқ гардидааст, иқдоми муҳим ва саривақтӣ ба ҳисоб меравад.
Ин барнома барои омода намудани мутахассисони баландихтисоси илмӣ заминаи мусоид фароҳам оварда, ба рушди илму маориф такони ҷиддӣ мебахшад. Дар ин ҷода, омоданамудани мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ва кадрҳои баландихтисоси илмӣ яке аз вазифаҳои асосии муассисаҳои илмии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Ин рисолати пурмасъулият моро водор месозад, ки ба масъалаи таълиму тарбияи ҷавонон бо масъулияти баланд, талаботи ҷиддӣ ва муносибати касбӣ назар намоем, то барои ояндаи давлат мутахассисони варзида ваарзанда омода гарданд.Ќайд намудан ба маврид аст, ки мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар, ки 30 майи соли 2024 баргузор гардид, бароирушди илми кишоварзӣ такони ҷиддӣ бахшид. Ҳадафи асосии ин вохӯрӣ баррасии вазъи кунунии илм, дурнамои рушди он, баланд бардоштани сатҳи омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ ва риёзӣ, ташаккули тафаккури техникӣ, дастгирии ихтироъкорӣ ва беҳтар намуданисифати тайёр кардани кадрҳои илмӣ буд. Масъалаи омода намудани мутахассисони ҷавон, ҷалби онҳо ба вазифаҳои гуногуни давлатӣ ва тарбияи онҳо дар рӯҳияи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ҳамеша зери таваҷҷуҳи махсуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Барои ҷавонон дар тамоми муассисаю ташкилотҳо шароити мусоиди фаъолият ва рушд фароҳамоварда шудааст. Ҷавонони мамлакат дар пешрафти бахшҳои гуногуни хоҷагии халқ, бахусус соҳаи кишоварзӣ, саҳми назаррас мегузоранд. Имрӯз, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносиимиллӣ, эҳтиром ба фарҳангу тамаддуни ниёгон ва ҳифзи манфиатҳои давлатӣ аз масъалаҳоимуҳим ба ҳисоб меравад. Ҷомеа бояд ҷавононро ба омӯзиши илмҳои замонавӣ, аз худнамудани технологияҳои нав ва забонҳои хориҷӣ ҳидоят намояд, зеро ояндаи давлат аз сатҳи дониш ва маърифати онҳо вобастагӣ дорад. Бинобар ин, дастгирии ҷавонон ва фароҳам овардани имкониятҳои васеъ барои рушду камолоти онҳо сармоягузорӣ ба фардои миллат маҳсуб меёбад.
Ҷавонони имрӯз созандагони ҷомеаи фардоанд ва пешрафту шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол аз фаъолияти босамар ва донишу малакаи онҳо вобастагии калон дорад.
Боварии комил дорам, ки олимону мутахассисони ҷавонисоҳа дар заминаи арзишҳои илмӣ саҳми арзандаи худро дар рушди илм, инноватсия ва технологияи кишоварзӣ муайян менамоянд. Дар ин рӯзи фараҳбахш кулли ҷавонони кишвар
ро,ки онҳо идомабахшандаи корҳои созандагию пешбарандаи ҷомеа мебошанд, бо ин рӯзи фараҳбахш табрику таҳният гуфта, ба онҳо тансиҳатӣ, бахту саъодат, иқболи баланд ва дар иҷрои вазифаҳои пурмасъул комёбию бурбориҳоро таманно дорам.
Идатон муборак ҷавонони далеру шуҷои Ватан