Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон (минбаъд Академия) муассисаи давлатии худидораи илмӣ буда, дар фаъолияти худ ҳалли масъалаҳои банақшагирӣ, ҳамоҳангсозӣ, роҳбарии илмию методии рушди тадқиқотҳои афзалиятноки бунёдӣ ва амалии соҳаи кишоварзӣ, истифодаи пурсамари дастовардҳои илм ва тайёр кардани кадрҳои илмии баландихтисосро таъмин менамояд.
Академия дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамин Оиннома ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофшударо ба роҳбарӣ мегирад