Дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд дуюмин мусобиқаи байналмиллалии гӯштингирӣ барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар маросими қадршиносии ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок карда, ба ғолибон Ҷом ва мукофотҳои пулиро тақдим намуд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронӣ иброз дошт, ки мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ байни ҷавонон дар асоси нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Суғд, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи байналмилалии гӯштингирӣ ташкил карда шуд.
Дар мусобиқаи мазкур беҳтарин варзишгарон аз Тоҷикистон, Ўзбекистон, Қазоқистон, Туркманистон, Қирғизистон, Гурҷистон, Беларус, Ҳиндустон, Озарбойҷон, Руминия, Миср, Эрон, Афғонистон ва Федератсияи Россия иштирок намуданд.
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода илова намуд, ки дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо эҳё гардидани намудҳои миллии варзиш, аз ҷумла гӯштингирӣ мардум, хусусан наврасону ҷавонон ба таърих, фарҳанг, расму ойин ва анъанаву суннатҳои миллӣ, инчунин тарғибу ташвиқи варзиш ва таҳкими тарзи ҳаёти солим бештар рў меоваранд.
Натиҷаи ин иқдому тадбирҳо аст, ки имрўз варзиши миллии гӯштингирӣ дар байни аҳолӣ хуб пазируфта шуда, дўстдорону ҳаводорони он рўз то рўз меафзояд ва бешак, баргузории ин чорабинӣ бо иштироки ҳазорон варзишгарону мухлисон шаҳодати ин гуфтаҳост.
Мавриди зикр аст, ки бо ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва роҳбарияти Федератсияи байналмилалии гӯштингирӣ аввалин чемпионати ҷаҳон оид ба гуштингирӣ байни калонсолон дар пойтахти азизамон - шаҳри Душанбе бо иштироки 63 давлати дунё баргузор гардид, ки дар он варзишгарони тоҷик 11 медал, аз ин 5 тилло, 1 нуқра ва 5 биринҷӣ ба даст оварда буданд.
Дар дуюмин мусобиқаи байналмиллалии гӯштингирӣ барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад 11 нафар намояндагони Тоҷикистон соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ шуданд.