Дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд бинои нави филиали Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Душанбе Сити Бонк” дар шаҳри Хуҷанд мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Бинои нави филиали “Душанбе Сити Бонк” дар шаҳри Хуҷанд, ки бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва намояндаи Ҳукумати мамлакат, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҷамолиддин Абдуллозода ба истифода дода шуд, аз 3 ошёна ва таҳхона иборат буда, ҳамаи толор ва ҳуҷраҳои корӣ бо мизу курсӣ, компютер ва дигар лавозимоти муосири соҳаи бонкдорӣ таъмин гардидааст ва дар ин ишооти нав барои кору хизматрасонӣ шароти мусоид фароҳам мебошад.
Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои нави филиали “Душанбе Сити Бонк” дар шаҳри Хуҷанд 120 нафар мутахасси маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардид, ки аз ин нишондиҳанда 34 фоизро занону духтарон ташкил медиҳад.
Змини ифтитоҳи бинои нав иттилоъ дода шуд, ки бонки мазкур дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар баробари филиал 4 маркази хизматрасониро таъсис додааст ва бо истифода аз имтиёзу сабукиҳои пешниҳоднамудаи Ҳукумати кишвар дар самти дастгирии бахши хусусӣ рӯз то рӯз доираи фаъолияти худро васеъ мекунад.
Айни замон дар вилоят 700 ҳазор тариқи ҳамиёнҳои мобилӣ ва 600 ҳазор ба воситаи кортҳои “Душанбе Сити Бонк” интиқоли мабалағ ва пардохтҳои буҷетиро саривақту босифат амалӣ менамоянд.
Барои беҳтар кардани сатҳу сифати хизматрасонӣ дар шаҳру ноҳяиҳои вилояти Суғд ҳамозмон терминалҳои худкор ва бонкаматҳои “Душанбе Сити Бонк” мавҷуд буда, таҳкими инфрасохтор, хусусан ҷорӣ намудани воситаҳои муосири электронӣ ба он боис гаштааст, ки рӯз то рӯз пардохтҳои ғайринақдӣ афзоиш ва талаботи аҳолӣ ба пули нақд коҳиш ёбад.
Чунин шароит ва имконият ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» фароҳам оварда шудааст.
Дар маҷмуъ дар филиали “Душанбе Ситӣ Бонк” дар шаҳри Хуҷанд ва 4 маркази хизматрасонии бонкии он дар вилояти Суғд дар маҷмуъ 170 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шудаанд.