11 ноябри соли 2024 дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Суғд бо иштироки раисон ва котибони комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо семинари таълимӣ баргузор гардид. Дар семинари таълимӣ муовини раиси Вилояти Суғд, раиси комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Суғд Даврон Зоҳидзода ва сардори Идораи муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Адлия Нигора Муқимӣ суханронӣ намуданд. Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки коррупсия дар ҷаҳони муосир яке аз монеаҳои ҷиддии рушди иҷтимоию иқтисодии кишварҳо, риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад. Дар робита ба ин, масъалаи муқовимат ба коррупсия дар маркази таваҷҷӯҳ буда, стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 қабул ва амалӣ карда мешавад. Фаъолияти комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Суғд дар асоси нақшаи идоравии чорабиниҳо оид ба татбиқи стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 амалӣ гардида, ҷиҳати муқовимат ба ин зуҳуроти номатлуби он замон чораҳо андешида мешаванд. Зикр гардид, ки семинари таълимӣ бо ташаббуси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои талаботи сархати 5 банди 1 супориши протоколии мазкур оид ба амалӣ намудани фаъолияти дурусту самарабахш ва якхелаи комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, инчунин оид ба таҳия ва тасдиқи нақшаи намунавии кори комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия ташкил карда шудааст.