Аз 1 то 3 октябри соли ҷорӣ дар Шаҳри Истаравшани Вилояти Суғд нахустин фестивали Байналмилалии Ҳунарҳои "Озар" баргузор мегардад, ки дар он 20 нафар аъзои раесати шӯрои ҷаҳонии ҳунар, зиеда аз 40 нафар ҳунармандон аз давлатҳои Аъзои Шӯро, 80 нафар ҳунармандон аз Шаҳри Истаравшан, шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок мекунанд. Дар доираи Фестивал намоишгоҳи маҳсулоти ҳунармандони давлатҳои аъзои шӯрои умумиҷаҳонии ҳунармандон, ҳунармандони Шаҳри Истаравшан ва дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар, гузоштани гулҳо ба муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ, маросими супоридани Шаҳодатнома ба Шаҳри Истаравшан ҳамчун "шаҳри ҷаҳонии ҳунармандӣ", шиносоӣ бо ҷойҳои таърихӣ ва дӯконҳои ҳунармандон ва коллеҷи Ҷумҳуриявии ҳунарҳои мардумии Шаҳри Истаравшан баргузор мегардад. Имрӯз аввалин ҷаласаи кумитаи ташкилӣ оид ба ташкил ва баргузории фестивали Байналмилалии ҳунарҳо дар Шаҳри Истаравшан баргузор шуд, ки дар он рамзи фестивал тасдиқ карда шуд. Минбаъд дар ҳама маводҳои расмии марбут ба фестивал ин рамз истифода мешавад. Рамзи фестивали Байналмилалии ҳунарҳои Озар аз ситораи ҳаштгонаи дурахшон иборат аст, ки аҳамияти Истаравшанро ифода мекунад. Дар атрофи ситора арабеска нақш бастааст, ки ин ҳунари қадимаи устодони Шаҳри Истаравшан ҳисобида мешавад. Дар қисми болоии рамз тасвири Қалъаи Муг, дар маркази Калимаҳои Озар ва Истаравшан бо ҳарфҳои лотинӣ тасвир шудааст, ки бо номи фестивал ва ҷои баргузории он алоқаманд аст
Инчунин дар маркази рамз корд тасвир шудааст. Дар кунҷи поении рост дар дохили рамзи фестивал рамзи чорранги арийӣ дар шакли чархи гардишкунанда тасвир шудааст. Инчунин дар зери ситораи ҳашткунҷа бо ҳарфҳои лотинӣ дар забони англисӣ матни INTERNATIONAL FESTIVAL OF CRAFTS ҷойгир аст. ISTARAVSHAN-2024", дар ҳолати зарурӣ ин матн бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ истифода мешавад.