БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МУҲИМ ДАР ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШӮРОИ БАЙНИДАВЛАТӢ ОИД БА СТАНДАРТИЗАТСИЯ, МЕТРОЛОГИЯ, СЕРТИФИКАТСИЯ ВА АККРЕДИТАТСИЯИ ДАВЛАТҲОИ АЪЗОИ ИДМ
Аз 7 то 12 июли соли 2026 дар вилояти Иссиқкӯли Ҷумҳурии Қирғизистон ҷаласаи 69-уми Шӯрои байнидавлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва аккредитатсияи давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор гардида истодааст.
Дар кори ҷаласаи мазкур директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳмон Исломиддин Хайриддин бо ҳайати намояндагони Агентӣ иштирок намуда, Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин ҳамоиши муҳими байналмилалӣ намояндагӣ менамояд.
Дар ҷаласа, инчунин, намояндагони Кумитаи иҷроияи ИДМ, роҳбарони мақомоти миллии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва аккредитатсияи ҷумҳуриҳои Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Федератсияи Россия, инчунин, намояндагони созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ иштирок доранд.
Дар ҳамоиш як қатор масъалаҳо вобаста ба корҳои амалишудаистода ва анҷомдодаи Кумитаҳои техникӣ ва Гурӯҳҳои корӣ дар давоми нимсолаи якуми соли 2026 дар самти стандартонӣ, метрология, сертификатсия ва аккредитатсия, ҳамчунин, тадбирҳои амалишудаистода барои аз байн бурдани монеаҳои техникӣ дар савдо, Озмун оид ба дарёфти Ҷоизаи ИДМ барои дастовардҳо дар соҳаи сифати маҳсулот ва хизматрасонӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ баррасӣ ва дигар самтҳои соҳавӣ баррасӣ мегарданд.
Қарорҳои дар доираи ҷаласа қабулшаванда ба рушди низоми инфрасохтори сифат, такмили фаъолияти мақомоти миллии стандартизатсия, баланд бардоштани сифати маҳсулоту хизматрасонӣ, ҷорӣ намудани низомҳои муосири идоракунии сифат дар корхонаҳои истеҳсолӣ ва аз байн бурдани монеаҳои техникӣ дар савдо мусоидат менамоянд. Инчунин, онҳо барои тавсеаи ҳамкориҳои байнидавлатӣ, рушди тиҷорати мутақобила ва истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазире, ки ба талаботи бозорҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошанд, заминаи мусоид фароҳам месозанд.
Қобили зикр аст, ки Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҳамкориҳо бо давлатҳои аъзои Шӯрои байнидавлатӣ пайваста ҷиҳати мутобиқ намудани стандартҳои байнидавлатӣ ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ, такмили санадҳои меъёрӣ ва рушди инфрасохтори сифат тадбирҳои мушаххасро амалӣ менамояд.
Татбиқи чунин иқдомҳо барои баланд бардоштани сифати молу маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ, афзоиши иқтидори содиротӣ, рақобатпазир гардидани маҳсулоти миллӣ дар бозорҳои хориҷӣ ва амалисозии ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти муҳим дорад.
Метавон гуфт, ки ҳузури фаъолонаи ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи 69-уми Шӯрои байнидавлатӣ бори дигар аз таваҷҷуҳи кишвар ба рушди низоми миллии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва аккредитатсия, инчунин, таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт шаҳодат медиҳад.