24 июли соли 2025 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба таҳияи Барномаи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030 бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ҷиҳати муаррифӣ ва баррасии лоиҳаи Барномаи мазкур баргузор гардид.
Дар ҷаласа қайд гардид, ки лоиҳаи Барномаи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030 дар асоси супориши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба амалишавии ҳадафҳои стратегии кишвар таҳия гардида, таклифу пешниҳодҳои вазорату идораҳо барои такмили лоиҳаи Барномаи мазкур муҳим мебошад.
Сипас ба иштироккунандагон лоиҳаи БМР 2026–2030 муаррифӣ карда шуд, ки дар он ҳадафу афзалиятҳои рушди кишвар, аз ҷумла рақамикунонӣ, рушди саноат ва зеҳни сунъӣ, рушди иқтисодӣ дар асоси навоварӣ, илм ва ихтироот, рушди сармояи инсонӣ ва дигарҳо инъикос гардиданд.
Дар ҷаласаи гуруҳи корӣ ҳамчунин роҳбарияти Агентии содирот иштирок ва суханронӣ намуда, пешниҳодҳои худро оид ба такмили лоиҳаи Барномаи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030 манзур карданд.
Барномаи мазкур марҳилаи сеюми татбиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ба ҳисоб меравад.