17 октябри соли 2024 дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон Форуми байналмилалии сармоягузорӣ-содиротии «Хатлон инвест ва намоишгоҳи Бохтар Фуд - 2024» баргузор шуд, ки дар кори он намояндагони Ҳукумати Тоҷикистон, роҳбарону намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, роҳбарону намояндагони шарикони рушд ва бахши хусусӣ, доираи васеи соҳибкорону сармоягузорони ватанию хориҷӣ иштирок намуданд.
Пеш аз оғози форум иштирокдорон дар намоишгоҳи маҳсулоти саноативу кишоварзӣ аз иқтидорҳои истеҳсолии мавҷуда ва имкониятҳои содиротии ҷумҳурӣ, махсусан вилояти Хатлон аз наздик шинос шуданд, ки барои дар оянда боз ҳам васеъ гардидани бозорҳои фурӯши молу маҳсулоти истеҳсоли Тоҷикистон дар хориҷи ҷумҳурӣ мусоидат хоҳад намуд.
Дар Форуми байналмилалии сармоягузорӣ-содиротии «Хатлон инвест» ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин содироткунандаи Тоҷикистон» ҷоизаҳо супорида шуд.