Маврид ба зикри хос аст, ки ҳамасола дар саросари кишвар Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон таҷлил карда мешавад. Ба ин муносибат, имрӯз, 9-уми августи соли 2025 бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав дар боғи фарҳангу-фароғатии ба номи Н.Маъсумӣ чорабинӣ баргузор карда шуд.
Дар чорабинии тантанавии имрӯза раиси ноҳияи Шаҳринав Вализода Абдуқодир Исуф ишрок намуда, ҳамаи варзишгарон, мураббиён, собиқадорони варзиш ва кормандони соҳаро ба ифтихори “Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон” самимона таҳният гуфта, ба ҳамаи парчамбардорони Ватани азиз ва касоне, ки дар ин самт фаъолият доранд комёбиву нусрат таманно намуд.
Ҳамзамон, таъкид шуд, ки боиси ифтихораст, ки ба шарофати соҳибистиқлолӣ ҳамасола 10 –уми август дар кишвар Рӯзи варзишгарон таҷлил карда мешавад ва ин нишонаи таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба варзиш ва варзишгарон мебошад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи варзиш ҳамчун яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии давлат эътибори ҷиддӣ равона намуда, барои рушду пешрафти он, ҷалб намудани доираи васеи сокинон ҷиҳати оммавӣ гардони варзиш, солимгардонӣ ва тарбия намудан аз лиҳози ҷисман ва руҳан солим тадбирҳои муассирро амалӣ менамояд, -иброз дошт раиси ноҳия Вализода Абдуқодир.
Қобили зикр аст, ки ҳамзамон, зумрае аз варзишгарони ноҳия барои саҳмгузорӣ дар таҳким ва рушди тарбияи ҷисмонӣ, инкишофи варзиш, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва тарбияи насли наврасу ҷавон ба муносибати “Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон” бо сипоснома ва тӯҳфаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав қадрдонӣ шуданд. Дар охир барномаи соҳавии фарҳангӣ пешкаши ҳозирин карда шуд.