Дар доираи Форуми сеюми байналмилалии «Суғд — чорроҳаи Роҳи бузурги Абрешим» 21 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Имрӯз, дар доираи Форуми сеюми байналмилалии сайёҳӣ «Суғд — чорроҳаи Роҳи бузурги Абрешим», ки дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, як қатор санадҳои муҳими ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд.
Дар маҷмӯъ, 21 созишнома ва ёддошти тафоҳум байни субъектҳои хизматрасонии соҳаи сайёҳӣ ба имзо расид, ки ба рушди ҳамкориҳои байниминтақавӣ ва байналмилалӣ такони ҷиддӣ мебахшад.
Созишномаҳои мазкур байни намояндагони ширкатҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, операторони сайёҳӣ ва дигар субъектҳои хизматрасонӣ аз кишварҳои Россия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон ба имзо расонида шуда, ба густариши робитаҳои тиҷоратӣ, ташкили хатсайрҳои муштараки сайёҳӣ, мубодилаи таҷриба ва ҷалби бештари сайёҳон равона гардидаанд.
Зикр гардид, ки ба имзо расидани чунин санадҳо дар доираи форуми байналмилалӣ нишондиҳандаи афзоиши эътимод ба бозори сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва омодагии шарикони хориҷӣ барои роҳандозии ҳамкориҳои дарозмуддат мебошад.
Ин иқдом заминаи мусоидро барои рушди инфрасохтори сайёҳӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасониҳо ва муаррифии васеи имкониятҳои сайёҳии кишвар дар сатҳи байналмилалӣ фароҳам меорад.