Санаи 09 марти соли 2026 зимни сафари кории худ Сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабзода Ҳайдаралӣ Раҷабалӣ ҳамроҳии Раиси ноҳия Ғафурзода Рабим аз рафти сохтмони бинои иловагии кӯдакистони "Ғунча" дидан намуданд.Қайд гардид, ки бинои иловагӣ аз ду ошёна иборат буда, барои 200 нафар тарбиятгиранда пешбинӣ шуда, ҳамчунин туҳфаи арзанда ба истиқболи ҷашни фархундаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.Инчунин аз ҷойи баргузории ҷашни байналмилалии "Наврӯз-2026", ки дар варзишгоҳи марказии ноҳия доир мегардад дидан намуданд.