Рӯзи Модар
Санаи 6 марти соли 2026 дар Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандони Хадамот чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Модар баргузор гардид.Чорабинии мазкурро сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ оғоз…
Санаи 6 марти соли 2026 дар Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандони Хадамот чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Модар баргузор гардид.Чорабинии мазкурро сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ оғоз намуда, занону бонувони мақомот ва дар симои онҳо тамоми занон ва модарони кишварро ба ин рӯзи фархунда табрик намуда, ба онҳо пеш аз ҳама саломатӣ, хушбахтӣ ва саодати рӯзгор орзу намуданд.Ҳамзамон дар ҷараёни чорабинӣ муовини якуми сардор ва дигар кормандони Хадамот суханронӣ намуда, занону модаронро ба муносибати Рӯзи Модар самимона табрик намуданд.Дар анҷоми чорабинӣ ба занону бонувони мақомот аз номи роҳбарият ва кормандони Хадамот ба муносибати иди онҳо туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.