Дар ҷараёни кори нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии дар заминаи талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 майи соли 2018, №287 «Дар бораи Номгӯи мол ва маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ, ки…
Дар ҷараёни кори нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии дар заминаи талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 майи соли 2018, №287 «Дар бораи Номгӯи мол ва маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ, ки нархҳояшон таҳти танзими давлатӣ қарор дода мешаванд», мониторинги 20 номгӯи мол ва маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ заруриро дар бозори беруна ва дохили кишвар гузаронида, тағйирёбии нархи онҳоро ҳамарӯза таҳлил ва арзёбӣ менамояд.
Аксари номгӯйи мазкур ё ин ки ашёи хом барои истеҳсоли онҳо аз хориҷи кишвар ворид карда мешавад, ки ба болоравии нархи онҳо дар бозори кишвар оварда мерасонад.Бо мақсади муайян намудани сабабҳои болоравии хархи маҳсулот дар бозор ва пешгирии баландшавии беасоси он, Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар доираи талаботи қонунгузорӣ ва ваколатҳои худ дар як қатор субъектҳои хоҷагидор санҷишҳои нақшавӣ ва ғайринақшавӣ гузаронид, ки дар натиҷаи онҳо қонунвайронкунии зиддиинҳисорӣ ба маблағи 3,5 млн сомонӣ ошкор ва ба буҷети давлатӣ маблағи 2,6 млн сомонӣ гузаронида шуд. Зимнан иброз шуд, ки давоми соли 2025 бо мақсади пешгирӣ ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ, рақобати бевиҷдонона ва ба роҳ мондани рушди рақобати солим дар заминаи пешниҳоди субъектҳои хоҷагидор нархномаи хизматрасонии бархе аз субъектҳои мазкур, аз ҷумла, маҳсулоти ширӣ, ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон ва хизматрасонии алоқаи мобилӣ аз ҷониби Хадамоти зиддиинҳисорӣ баррасӣ ва ба мувофиқа расонида шудааст.
Ҳамзамон, аз ҷониби Хадамот 242 адад нархномаи хизматрасониҳои пулакии муассисаву ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, аз ҷумла муассисаҳои тиббӣ 30 адад ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёнаи касбӣ ва муассисаҳои илмӣ 102 адад ва 110 адад нархномаи хизматрасониҳои пулакӣ дар дигар соҳаҳо мавриди таҳлил ва ба мувофиқа расонида шудаанд.