Санаи 29 январи соли 2026 дар Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи «Нақши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими рушди давлатдории Тоҷикистон» баргузор…
Санаи 29 январи соли 2026 дар Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи «Нақши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими рушди давлатдории Тоҷикистон» баргузор гардид.
Дар кори мизи мудаввар роҳбарият ва кормандони Хадамоти зиддиинҳисорӣ, ҳамчунин устоди кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва молиявии факултети ҳуқуқшиносии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Каримов Абдулҳанон иштирок доштанд.
Чорабиниро сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабзода Ҳайдаралӣ Раҷабалӣ ифтитоҳ намуда, оид ба нуктаҳои асосӣ ва самтҳои афзалиятноки Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд.
Қайд гардид, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади муҳими сиёсиву барномавӣ барои рушди устувори давлатдорӣ, тақвияти ислоҳоти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин барои фаъолияти минбаъдаи мақомоти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳо аҳамияти хоса дошта, ҳамчун роҳнамо дар татбиқи сиёсати давлатӣ хизмат менамояд.
Сипас, намояндаи Академияи идоракунии давлатӣ Каримов Абдулҳанон баромад намуда, масъалаҳоро вобаста ба таҳкими худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ, нақши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва рушди тафаккури ҳуқуқӣ мавриди таҳлил қарор дод.