Дар арафаи ҷашни Соли нави мелодии 2026 бо мақсади пешгирии болоравии беасоси нархи маҳсулоти ниёзи аввал, таъмини суботи бозори истеъмолӣ, рушди рақобати солим ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои аҳолӣ, кормандони Хадамоти зиддинҳисории назди Ҳукумати…
Дар арафаи ҷашни Соли нави мелодии 2026 бо мақсади пешгирии болоравии беасоси нархи маҳсулоти ниёзи аввал, таъмини суботи бозори истеъмолӣ, рушди рақобати солим ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои аҳолӣ, кормандони Хадамоти зиддинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бозорҳои коммуналии шаҳри Душанбе корҳои фаҳмонидадиҳиро роҳандозӣ намуданд.
Зимни гузаронидани чорабиниҳо бо соҳибкорон, масъулони бозорҳо ва субъектҳои хоҷагидор корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, вобаста ба роҳ надодан ба болоравии беасоси нархҳо, нигоҳ доштани мувозинати бозор, таъмини шаффофияти нархгузорӣ ва риояи меъёрҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ тавсия ва дастурҳои дахлдор пешниҳод гардиданд.
Хадамоти зиддинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараёни мониторинги вазъи бозори истеъмолиро зери назорати доимӣ қарор дода, бо ҳамоҳангӣ бо мақомоти дахлдор тадбирҳои иловагиро ҷиҳати таъмини суботи нархҳо, рушди рақобати солим ва пешгирии ҳама гуна ҳолатҳои сӯиистифода дар бозор амалӣ менамояд.
Ин тадбирҳо ба он равона шудаанд, ки дастрасии аҳолӣ ба маҳсулоти ниёзи аввал таъмин гардида, болоравии беасоси нархҳо пешгирӣ ва манфиатҳои истеъмолкунандагон ҳифз карда шаванд..