Шарифзода Манучеҳр Муртазо
Директори Муассисаи давлатии "Театри миллӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Соли таваллуд: 20 майи соли 1978
Ҷойи таваллуд: Ҷумҳурии Тоҷикистон
Миллат: тоҷик
Таҳсилот:олӣ, соли 2002 Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзодаро хатм кардааст
Ихтисос: иқтисодчӣ-менеҷери соҳаи фарҳанг ва иҷтимоиёт
соли 2020 Донишгоҳи (Славянии) Русияву Тоҷикистон зинаи магистратураро хатм кардааст
Ихтисос: ҳуқуқшинос
Дараҷаи донистани забонҳои хориҷӣ: русӣ, англисӣ
Ҳизбият: узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
Вазъи оилавӣ: оиладор
Мукофотҳои соҳавӣ: «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» – соли 2007,
«Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» – соли 2017,
«Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» – соли 2018, «Аълочии телевизион ва радиои Тоҷикистон» – соли 2020,
«Аълочии меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» – 2023,
«Аълочии ифтихории соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон» – 2025
Мукофотҳои давлатӣ: медали “Хизмати шоиста”
Аъзои «Иттифоқи композиторони Тоҷикистон» ва «Иттифоқи ходимони театри Тоҷикистон».
Трудовая деятельность
- 2026
(Амри Президенти ҶТ №АП‑958) – директори Муассисаи давлатии «Театри миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дар давраи фаъолияти роҳбарӣ ба ҳайси директори Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ аз соли 2015 то 2020 Шарифзода Манучеҳр Муртазо дар баробари ҳифзу эҳёи асарҳои репертуарии мавҷуда, опера ва балетҳои нав таҳия ва ба саҳна гузоштааст: аз қабили операҳои «Хонум пик», «Евгений Онегин», «Иоланта», опереттаи «Моткаи карамашшоқ» ва балетҳои «Нозанини хуфта» ва «Щелкунчик»-и П.И.Чайковский, операи «Хусрав ва Ширин»-и А. Мусозода, намоиши бачагонаи «Ҳангома дар ҷангал»-и А.Мусозода, оперреттаи «Найрангҳои Майсара»-и С.Юдаков, балети «Зол ва Рўдоба»-и Ш. Ашуров, балети «Фаввораи Боғчасарой»-и Б. Асафеев ва ғайра.
- июнь – декабрь 2020
(Қарори Ҳукумати ҶТ № 356) – муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- 2015 – 2020
директори Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ.
- 2010 – 2015
муовини аввали директори Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ.
- 2007
Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ: муҳандиси таъминоти модди-техникӣ, сариқтисодчӣ.
- 2005 – 2007
муовини директор оид ба корҳои тарбиявии Мактаби интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявӣ ба номи М. Атоев.
- 1997 – 2002
мураббӣ дар Мактаби интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявӣ ба номи М. Атоев.
- 1996 – 1997
корманд дар намояндагии ширкати турки «Илк Умут» ва «Оримекс» дар Федератсияи Россия.
- 1995 – 1997
лаборант дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи А. Сино.