САҲМИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО ДАР РУШДИ ДОНИШҲОИ ЗАМИНШИНОСӢ
САҲМИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО ДАР РУШДИ ДОНИШҲОИ ЗАМИНШИНОСӢ
7-уми августи соли 2026 дар Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок дар мавзуи «Абуалӣ ибни Сино -донишманди тоҷик» соати сиёсӣ баргузор гардид. Дар ҷамъомад ба ҳаёт, фаъолияти илмӣ ва мероси гаронбаҳои Абуалӣ ибни Сино - яке аз бузургтарин донишмандони асрҳои миёна таваҷҷуҳ зоҳир шуда, маълумоти марбут ба фаъолияти илмии ӯ аз «Энсиклопедияи советии тоҷик» ва дигар сарчашмаҳои илмӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Таъкид шуд, ки Абуалӣ ибни Сино ҳамчун донишманди энсиклопедист дар баробари тиб, фалсафа, мантиқ ва риёзиёт ба омӯзиши табиат ва ҷисмҳои табиӣ низ таваҷҷуҳи хосса дошт. Маҳз ҳамин паҳлуи фаъолияти илмии ӯ бо рушди донишҳои заминшиносӣ ва минералогия иртиботи муайян дорад.
Аз ҷумла, таснифоти ҷисмҳои маъданӣ, ки ба Абуалӣ ибни Сино нисбат дода мешавад, дар таърихи ташаккули донишҳои минералогӣ аҳаммияти хос дорад. Тибқи маълумоти «Большая Советская Энциклопедия» (ҷилди 17, соли 1952), ӯ ҷисмҳои маъданиро ба чор гурӯҳ - сангҳо, ҷисмҳои гудохташаванда (металлҳо), моддаҳои сулфурӣ ва намакҳо ҷудо намудааст. Тибқи ҳамин сарчашма, ин таснифот дар давраи муайяни рушди илми минералогия истифода шудааст. Чунин андешаҳо нишон медиҳанд, ки донишманди бузург ба омӯзиши сохтор, хусусият ва гурӯҳбандии ҷисмҳои табиӣ таваҷҷуҳ дошта, кӯшиш намудааст донишҳои замони худро ба низоми муайян дарорад. Ин равиши илмӣ дар ташаккули тасаввуроти минбаъда оид ба маъданҳо ва табиатшиносӣ аҳаммияти назаррас дошт.
Мероси илмии Ибни Сино барои соҳаи геология ва омӯзиши захираҳои канданиҳои фоиданок низ аз ҷиҳати таърихию маърифатӣ муҳим мебошад. Геологияи муосир дар асоси донишҳои ҷамъшуда дар бораи сохтор ва таркиби Замин, ҷинсҳои кӯҳӣ, маъданҳо ва равандҳои табиӣ рушд кардааст. Омӯзиши саҳми донишмандони гузашта имкон медиҳад, ки марҳилаҳои ташаккул ва инкишофи ин донишҳо беҳтар дарк карда шаванд.
Ибни Сино бо фарогирии соҳаҳои гуногуни илм намунаи барҷастаи донишманди энсиклопедист маҳсуб мешавад. Осори ӯ дар таърихи рушди илмҳои табиатшиносӣ ҷойгоҳи муҳим дошта, арзиши илмӣ ва таърихии худро то имрӯз нигоҳ доштааст.
Дар ҷамъомад таъкид гардид, ки омӯзиши мероси илмии Абуалӣ ибни Сино ва дигар донишмандони барҷастаи миллат барои баланд бардоштани маърифати илмӣ, эҳтиром ба таърихи илм ва ҷалби ҷавонон ба омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, аз ҷумла геология ва минералогия аҳаммияти муҳим дорад.
Маркази матбуот