МАКТУБИ ИТТИЛООТӢ оид ба баргузории Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «35 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон: Нақши Пешвои миллат дар таҳкими давлатдорӣ, рушди устувор ва ояндаи миллӣ» Бо ташаббуси Кумита оид ба таҳсилоти…
МАКТУБИ ИТТИЛООТӢ
оид ба баргузории Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «35 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон: Нақши Пешвои миллат дар таҳкими давлатдорӣ, рушди устувор ва ояндаи миллӣ»
Бо ташаббуси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2026 Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «35 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон: Нақши Пешвои миллат дар таҳкими давлатдорӣ, рушди устувор ва ояндаи миллӣ» баргузор мегардад.
Ҳадафи конференсия таҳлили илмии дастовардҳои даврони истиқлол, омӯзиши таҷрибаи давлатсозӣ, баррасии нақши Пешвои миллат дар таҳкими давлатдорӣ, рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, рушди таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, инчунин муайян намудани дурнамои рушди миллӣ мебошад.
Ба иштирок дар конференсия омӯзгорон, олимон, муҳаққиқон, докторантон, унвонҷӯён, магистрантон, кормандони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва дигар муҳаққиқони соҳа даъват карда мешаванд.
Самтҳои асосии конференсия:
Талабот ба мақолаҳои илмӣ:
Ба конференсия мақолаҳои илмии аслӣ, ки қаблан дар дигар нашрияҳо ба табъ нарасидаанд ва ба мавзуъҳои конференсия мувофиқ мебошанд, қабул карда мешаванд. Мақола бояд дорои сохтори илмии зерин бошад:
Талаботи техникӣ:
Мақола бояд муаллифӣ бошад ва бо истифода аз зеҳни сунъӣ навишта нашуда бошад. Иқтибосҳо ва истинодҳо бояд тибқи меъёрҳои қабулшудаи илмӣ оварда шаванд. Муаллифон барои саҳеҳии маълумот, далелҳо, омор, иқтибосҳо ва риояи меъёрҳои ахлоқи илмӣ масъул мебошанд.
Мақолаҳо аз ҷониби ҳайати таҳририя ва комиссияи илмии конференсия мавриди баррасӣ қарор гирифта, танҳо мақолаҳои ба талаботи илмӣ ҷавобгӯ барои нашр тавсия дода мешаванд. Маводи қабулшуда пеш аз баргузории конференсия дар шакли маҷмӯаи илмии маводи конференсия ба табъ расонида шуда, ба иштирокчиён ва муаллифон дастрас карда мешавад.
Муҳлати қабули мақолаҳо: то 20 августи соли 2026.
Мақолаҳо ба суроғаи зерин ирсол карда шаванд:
Суроға: шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Нусратулло Махсум 77/5, идораи рӯзномаи «Ҷаҳони ҳунар»
E-mail: jahonihunar2024@gmail.com
Телефонҳо: 2-35-73-30; 881-88-80-41; 200-12-73-73