(Дар ҳошияи сафари давлатии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин)
«Бо таваҷҷуҳ ба оянда, мо омодаем, ки бо дӯстони тоҷик нақшаи муҳташами табодули дӯстонаро тартиб диҳем ва ба хотири ояндаи дурахшони Чин ва Тоҷикистон дар таърихи ҳамкории дуҷонибаи судманд саҳифаҳои нав боз намоем».
Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин
Санаи 11-уми майи соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ вориди шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин гардиданд. Ин сафар ҳамчун рӯйдоди муҳими сиёсӣ ва дипломатӣ арзёбӣ шуда, бозгӯи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории муштараки стратегии миёни Тоҷикистону Чин мебошад. Истиқболи расмӣ ва гарму самимии Роҳбари давлати Тоҷикистон дар фурудгоҳи байналмилалии Пекин бо сафороии қаровули фахрӣ ва парчамҳои давлатӣ далели эҳтиром ва эътимоди баланди мутақобилаи ду кишвар мебошад.
Дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ ва тағйирёбии низоми муносибатҳои байналмилалӣ, густариши робитаҳои хориҷӣ барои ҳар як давлат аҳамияти ҳаётӣ касб намудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати хориҷии “дарҳои боз”-ро пайгирӣ намуда, бо кишварҳои ҷаҳон муносибатҳои мутақобилан судмандро рушд медиҳад. Дар ин замина, Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамчун яке аз шарикони муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ ва стратегӣ мавқеи махсус дорад.
Муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин таърихи қадима дошта, аз замони Шоҳроҳи бузурги абрешим сарчашма мегиранд. Имрӯз ин робитаҳо мазмуни нав гирифта, ба сатҳи шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ расидаанд. Ҷумҳурии Мардумии Чин яке аз аввалин давлатҳое буд, ки Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эътироф намуд ва барои барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ иқдом намуд. Ин омил барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба заминаи мусоид фароҳам овард.
Асоси ҳуқуқии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз қабули “Эъломия дар бораи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” 9 сентябри соли 1991 гузошта шуд. Баъдан, қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 принсипҳои асосии сиёсати хориҷии кишварро таҳким бахшид. Дар моддаи 11-и Конститутсия таъкид мегардад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати сулҳҷӯёнаро амалӣ намуда, муносибатҳои хориҷии худро дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ ба роҳ мемонад. Маҳз ҳамин принсипҳо имрӯз дар рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин нақши калидӣ доранд.
Яке аз самтҳои муҳими ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин рушди муносибатҳои иқтисодӣ ва сармоягузорӣ мебошад. Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ хонум Зоу Ҷиайи аҳамияти бузурги иқтисодӣ дошт. Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ, аз ҷумла сохтмони роҳҳо, рушди энергетика, нақлиёт, иқтисоди рақамӣ ва “иқтисоди сабз” мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии молиявии Чин ва ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ даҳҳо лоиҳаҳои муҳими стратегӣ амалӣ мегарданд. Бо маблағгузории Ҷумҳурии Мардумии Чин шоҳроҳи Чана-Хуҷанд-Душанбе, нақбҳои Шаҳристон, Шаршар ва Чормағзак, хатҳои интиқоли барқи «Ҷануб–Шимол» ва «Лолазор–Хатлон» сохта шуданд. Ин лоиҳаҳо на танҳо зерсохтори мамлакатро беҳтар намуданд, балки барои рушди иқтисодӣ ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум заминаи мусоид фароҳам оварданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо намояндагони ширкатҳои бузурги чинӣ таъкид намуданд, ки ҳаҷми сармоягузориҳои чинӣ ба иқтисоди Тоҷикистон ба қарибӣ ба 6 миллиард доллар расидааст. Ин нишондиҳанда далели эътимоди баланди сармоягузорони чинӣ ба рушди устувори иқтисоди Тоҷикистон мебошад. Илова бар ин, ба имзо расидани беш аз 50 санади ҳамкорӣ ва ҷалби зиёда аз 8 миллиард доллар сармоя барои иқтисоди миллӣ аҳамияти бузурги стратегӣ дорад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ҳамчун кишвари дорои имкониятҳои бузурги гидроэнергетикӣ ва захираҳои бойи табиӣ таваҷҷуҳи сармоягузорони байналмилалиро ҷалб намудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи захираҳои гидроэнергетикӣ дар ҷаҳон ҷойи ҳаштумро ишғол намуда, дорои маъданҳои муҳим, аз ҷумла тилло, нуқра, мис, литий, сурма, руҳ ва волфрам мебошад. Дар шароити рушди технологияҳои муосир ва иқтисоди рақамӣ чунин захираҳо аҳамияти ҷаҳонӣ пайдо кардаанд. Дар доираи ташаббуси байналмилалии “Як камарбанд, як роҳ” Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи муҳими геоиқтисодӣ касб намудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун пули пайвасткунандаи Ҷумҳурии Мардумии Чин бо кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Ховари Миёна метавонад ба маркази муҳими транзитӣ ва логистикии минтақа табдил ёбад. Ин омил барои рушди тиҷорати байналмилалӣ ва таҳкими нақши Тоҷикистон дар сиёсати минтақавӣ мусоидат менамояд. Ҳамзамон, ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин танҳо ба иқтисод маҳдуд намешаванд. Ду кишвар дар самти амният, мубориза бо терроризм, экстремизм ва таҳдидҳои муосир низ ҳамкории фаъол доранд. Дар доираи Созмони Ҳамкории Шанхай Тоҷикистону Чин барои таҳкими сулҳу субот ва амнияти минтақавӣ саҳми назаррас мегузоранд. Ҳамкориҳои ду кишвар дар ин самт барои таъмини суботи минтақа аҳамияти калон доранд.
Бояд қайд намуд, ки санаи 12 май дар доираи сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пекин дар назди Маҷмааи муҷассамаи “Қаҳрамонҳои миллӣ” гулчанбар гузошта, хотираи шаҳидонро гиромӣ доштанд. Ин иқдом рамзи эҳтироми амиқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таърих, фарҳанг ва тамаддуни мардуми Чин буда, нишон медиҳад, ки муносибатҳои ду кишвар на танҳо хусусияти сиёсиву иқтисодӣ, балки арзишҳои фарҳангиву маънавиро низ дар бар мегиранд.
Дар солҳои охир ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин дар самти технологияҳои рақамӣ, зеҳни сунъӣ ва иқтисоди “сабз” низ рушд ёфта истодаанд. Форумҳои муштараки рақамӣ ва имзои созишномаҳои нав барои рушди соҳибкории инноватсионӣ ва рақамикунонии иқтисод имкониятҳои нав фароҳам меоранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон талош дорад, ки бо истифода аз таҷрибаи пешрафтаи Ҷумҳурии Мардумии Чин ба иқтисодиёти инноватсионӣ гузарад.
Сафари давлатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин бозгӯи он аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати сулҳпарвар, соҳибэҳтиром ва шарики боэътимод мавқеи устувор касб намудааст. Муносибатҳои Тоҷикистону Чин имрӯз ба сатҳи нави сифатан баланд расида, дар асоси боварӣ, эҳтироми мутақобила ва манфиатҳои муштарак рушд меёбанд.
Дар маҷмӯъ, ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар марҳалаи муосир аҳамияти бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва дипломатӣ доранд. Ин муносибатҳо барои рушди иқтисоди миллӣ, таҳкими суботи сиёсӣ, густариши ҳамкориҳои минтақавӣ ва болоравии нуфузи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши муҳим мебозанд. Бешубҳа, шарикии стратегии Тоҷикистону Чин дар оянда низ густариш ёфта, ба манфиати ҳар ду кишвар ва мардумони онҳо хизмат хоҳад кард.
Тоҳир ОДИЛОВ, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рӯдакӣ, муовини директор оид ба илм ва робитаҳои хориҷии Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ»