Наврӯз бо таърихи беш аз шашҳазорсолаи худ бузургтарин ҷашни миллии тоҷикон ва соли нави аҷдодии мо буда, ниёгони некноми мо онро аз замонҳои хеле қадим таҷлил мекарданд, омадани баҳор ва эҳёи табиатро бо шодиву хурсандӣ ва бо иштироки хурду бузурги диёр истиқбол мегирифтанд.
Эмомалӣ Раҳмон.
Наврӯз яке аз ҷашнҳои миллии мардуми ниёгони мо ба ҳисоб рафта, дорои таърихи 6000 сола дорад. Дар таърихи фарҳанги мардуми тоҷиктабор ҳеҷ як анъана ва расму ойине чун ҷашни хуҷастапай ва фархундаи Наврӯз азизу арҷманд ва куҳантар нест.
Дар ин муддати дароз таърихӣ ин иди бузурги аҷдодиамон дар радифи халқу миллатҳои ориёинажод, бахусус тоҷикон борҳо ба муқобилиятҳои мазҳабию аҷнабиёну бадхоҳон рубарӯ шуда, гирдобу ҳаводис ва таззодҳои мухталифи давру замонҳоро паси сар намуда, расман ба ҷашни байналмиллалӣ мубадал гардид.
Ба сифати ҷашни ҷаҳонӣ пазируфтани ин иди Наврӯз аз бузургию шаҳомат, решаҳои амиқи фарҳангию таърихӣ ва ҳуқуқию иҷтимоӣ доштани он шаҳодат медиҳад, ки эътирофи тамаддуни ориёинажодон, аз ҷумла тоҷикон мебошад.
Наврӯз сари сол, баробарии шабу рӯз, иди соли нав, ҷашни бедории табиат, ҷашни кишту кор аст, ки аз қадим дар байни мардуми Машриқзамин таҷлил карда мешавад. Наврӯз айёмест, ки таъсири хуршеди ҳаётбахш меафзояд, баҳор ҷои зимистонро мегирад ва табиати хобида рӯй ба бедорӣ ниҳода, дилрабову зеботар мегардад.
Арӯси фасл кӯҳҳоро бо қолинҳои махмалии сабзаву сияҳгӯшу лола оро медиҳад. Абри найсонӣ баҳорӣ дашту даманро шодоб мегардонад. Чашмаву рӯдҳои софу мусаффо бо беқарорию ҷӯшу хурӯш ҷорӣ мешаванд.
Аксарияти сарчашмаҳои таърихӣ пайдоиши онро дар давраи ҳукмронии шоҳаншоҳи пешдодӣ Ҷамшед нисбат медиҳанд. Аз ҷумла Ҳаким Фирдавсӣ дар яке аз бобҳои оғози “Шоҳнома” овардааст, ки Ҷамшед баъд аз поён бахшидани корҳои бузург дар даврони ҳукмронии хеш бо ёрии фарри каёнӣ тахте бисохт ва онро бо дурру гавҳар биёрост ва чун нахустин бор девҳо, ки дар итоати Ҷамшед буданд, тахтро ба дӯш гирифта, аз замин боло шуданд, нури офтоб ба чеҳраи Ҷамшед ва бар тахти ӯ метобид ва инъикос шуда дурахш мекард. Мардум ин ҳодисаро дида, ба ҳайрат афтоданд ва он рӯзро “рӯзи нав” номиданд, ки он ба рӯзи 1-уми моҳи ҳамал (21-уми март) рост меомад. Аз ҳамин сабаб дар адабиёт ва ривоятҳову устураҳои таърихӣ шоҳ Ҷамшедро асосгузори Наврӯз номидаанд. Наврӯз дар фарҳанги мо тоҷикон рӯзи нав, рӯзи шодӣ, рӯзи бахшиши гуноҳҳои якдигар, рӯзи оштӣ аст. Тамоми мавҷудоти зинда дар ин вақт дубора эҳё мешаванд.
Чунончи дар асари машҳури, Умари Хайём -«Наврӯзнома» роҷеъ ба бунёд гузаштани ҷашни мазкур чунин суханҳои сермаъно омадааст: «…аммо сабаби ниҳодани Наврӯз он будааст, ки чун бидонистанд, ки офтобро ду давр бувад, яке он ки ҳар сесаду шасту панҷ рӯз ва рубъе аз як шабонарӯз ба аввали дақиқаи Ҳамал боз ояд, ба ҳамон вақту рӯз, ки рафта буд, бад ин дақиқа натвонад омадан, чӣ ҳар сол аз муддат ҳаме кам шавад. Ва чун Ҷамшед он рӯзро дарёфт, Наврӯз ном ниҳод ва ҷашн ойин овард ва пас аз он подшоҳон ва дигар мардумон бад-ӯ ибтидо карданд».
Аз ин китобҳои таърихӣ маълум мешавад, ки Наврӯз дар даврони қадим ба шаклҳои гуногун қайд карда мешудааст. Рӯзҳои ҷашнгирии ид низ фарқ доштааст. Фарқи ҷашни Наврӯз аз дигар идҳо дар он маҳсуб меёбад, ки онро дар фасли баҳор ҷашн мегиранд
Баромад боди субҳу бӯйи Наврӯз,
Ба коми дӯстону бахти пирӯз.
Муборак бодат ин солу ҳама сол,
Ҳумоюн бодат ин рӯзу ҳама рӯз.
Барои ҷаҳонишавии Наврӯз саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бениҳоят бузург мебошад. Бо талошҳои ҳамаҷонибаи Пешвои миллат аз 30-юми сентябри соли 2009 Наврӯз аз ҷониби ЮНЕСКО ба феҳристи ёдгории ғайримоддии фарҳанги башарият дохил карда шуд ва 19-уми феврали соли 2010 дар Иҷлосияи 64-ум аз ҷониби Маҷмааи Умумии СММ Рӯзи байналмиллалии Наврӯз эълон карда шуда, дар саросари ҷаҳон бо як шаҳомат таҷлил мегардад.
Дар давраи истиқлолияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз шукӯҳу таҷаллои тоза пайдо намуд ва мо тоҷикон ин ҷашнро ҳамчун мероси муқаддастарини ниёгонамон ва ҷашни покию зебоӣ дар фазои истиқлолу ваҳдат бо шукргузорӣ бошукӯҳ таҷлил менамоем.
Истиқлоли давлатӣ барои эҳёи комил ва тантанаи фарогири ин ҷашни хуҷаста шароити созгор ва имконоти васеъ фароҳам овард. Муҳимтар аз ҳама, Наврӯз ба як рукни Истиқлоли давлатӣ ва ба далели барҷастаи дорои фарҳанги воло будани тоҷикон табдил ёфт. Барои ба таври шоиста арҷгузорӣ кардан ба Наврӯзи ҷаҳоноро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун эҳёгару посдори арзишҳои миллӣ хидмати бузургу мондагор карданд. Сарвари кишвар Наврӯзро “шиносномаи миллат” номида, афзудаанд: “Ҷашни Наврӯз барои миллати фарҳангдӯсту тамаддунсоз ва хуршедпарвари мо дар ҳамаи давру замон муқаддас буд.
Итминони комил дорам, ки мардуми шарифи Точикистон минбаъд низ бо шукргузорӣ аз Ватани ободу озод барои рушду шукуфоӣ, пойдории сулҳу субот ва пешрафти давлати соҳибистиқлоламон талоши бештар менамоянд.
Бигузор, Наврӯзи имсола барои мардуми сулҳофари Тоҷикистон, соли пурфайзу бобаракат, авҷи корҳои созандагию бунёдкорӣ, дастоварду комёбиҳо ва хайру нишот гардад.
Гулматзода Аъзам Холмат - ассистенти кафедраи технологияи итилоотӣ, ташхис ва табобати нурӣ дар МДТ Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ