Директори Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд н. и. т. Нурзода Амирҷон Рӯзихон конфронсро ифтитоҳ бахшида, аз ҷумла афзуд, ки дар Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қисмати калоне ба рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, шуғли аҳолӣ ва дастгирии занону ҷавонон бахшида шудааст.
Президенти мардумӣ дар сиёсати хеш ободии сарзамин, зиндагии босаодати шаҳрвандон ва амнияту осудагиро дар мадди аввал гузошта, гаштаву баргашта таъкид бар бузургии миллати тоҷик карданд ва ҳамчунин дар назди шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолати асосии худро дар таъмини амният ва фароҳам овардани зиндагии шоиста маънидод сохтанд. Сиву чор соли соҳибистиқлолӣ воқеан нишон дод, ки дар меҳвари сиёсати Пешвои миллат рушд ва некӯаҳволии халқи маҳбуб меистад.
Ҳамин таваҷҷуҳ аст, ки танҳо дар даҳ соли охир дар кишвар 1300 иншооти соҳаи тандурустӣ ба маблағи беш аз 5,3 миллиард сомонӣ сохта ба истифода дода шудааст. Буҷети соҳа аз 1 миллиарду 37 миллион сомонӣ дар соли 2015 ба 4 миллиарду 300 миллион сомонӣ расонда шуда, ба андозаи 4,2 баробар афзудааст.
Бо мақсади таъмини солимии аҳолӣ, истифодаи мақсаднок ва самараноки иншооту таҷҳизот ва маблағҳои пешбинишаванда Роҳбари давлат ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки масъалаи мукаммалсозии низоми маблағгузории соҳаи тандурустӣ, истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ, гузариш ба низоми ғайринақдии пардохти хизматрасониҳо ва дигар масъалаҳои соҳаро ҳамаҷониба таҳлилу баррасӣ намояд ва ҷиҳати татбиқи ислоҳоти навбатӣ ва бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои дар ин самт ҷойдошта тадбирҳои зарурӣ андешад.
Зарур аст, ки ҷавобан ба дастгириҳои Ҳукумати кишвар масъулин бояд тадбирҳои амалӣ андешанд. Президенти маҳбубамон қайд карданд: «Фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, хусусан, гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа, самти афзалиятноки сиёсати Ҳукумати мамлакат мебошад».
Сипас, Раиси Суди иқтисодии вилояти Суғд Парвиз Мирзозода баромад намуда, аз ҷумла зикр дошт, ки яке аз самтҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Маҷлиси Олӣ такмили қонунгузорӣ ташкил медиҳад. Қонунҳои муосир барои татбиқи ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи боэътимод фароҳам меоранд. Онҳо ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, таъмини амнияти ҷомеа ва давлат, таҳкими суботу оромӣ ва ваҳдати миллӣ мусоидат мекунанд. Сарвари давлат дар Паём таъкид намуданд, ки қонунгузорӣ яке аз сутунҳои асосии давлатдории муосир мебошад. Қонунҳои мукаммал, одилона ва ҷавобгӯ ба талаботи замон метавонанд рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими суботи сиёсӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро таъмин намоянд. Аз ин лиҳоз, таҳлили пайвастаи қонунгузории амалкунанда, бартараф намудани ихтилофоти меъёрӣ ва таҳияи пешниҳодҳои мушаххас ҷиҳати такмили он вазифаи муҳим арзёбӣ гардид.