Бо мақсади баланд бардоштани маърифати илмӣ, густариши ҷаҳонбинӣ, рушди фарҳанги китобхонӣ ва шиносоии бештари омӯзгорону донишҷӯён бо имкониятҳои муосири иттилоотӣ, гурӯҳи омӯзгорон ва донишҷӯёни Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ» ба Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» сафари омӯзишӣ ва маърифатӣ анҷом доданд.
Ташкили ин сафар дар асоси дастуру супоришҳои Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академик, Фарҳод Раҳимӣ амалӣ гардида, ба татбиқи воқеии сиёсати фарҳангии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон равона шудааст.
Дар ҷараёни боздид иштирокдорон аз фаъолияти умумии китобхона, низоми хизматрасонӣ, сохтори шуъбаҳо ва имкониятҳои фарохи таҳсилу таҳқиқот аз наздик шинос гардиданд. Ба омӯзгорон ва донишҷӯён толорҳои хониш, шуъбаи адабиёти илмӣ, бахши китобҳои нодир, маркази захираҳои электронӣ ва пойгоҳҳои иттилоотии рақамӣ муаррифӣ карда шуданд. Масъулини китобхона доир ба тартиби истифодаи феҳристҳои электронӣ, роҳҳои ҷустуҷӯи адабиёт, дастрасӣ ба китобҳои рақамӣ ва қоидаҳои узвият маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.
Ҳамчунин иштирокдорон аз толорҳои махсуси соҳавӣ, марказҳои иттилоотӣ ва гӯшаҳои технологӣ дидан намуда, бо шароити муосири омӯзишу пажӯҳиш шинос шуданд. Ба донишҷӯён тарзи дурусти интихоби адабиёти илмӣ, истифодаи сарчашмаҳои боэътимод, омодасозии корҳои таҳқиқотӣ, реферат ва корҳои курсӣ ба таври амалӣ фаҳмонида шуд.
Дар рафти сафар миёни кормандони китобхона ва иштирокдорон мубодилаи афкор сурат гирифта, ба саволҳои омӯзгорону донишҷӯён посухҳои мушаххас дода шуданд. Ин гуна мулоқоту шиносоӣ ба рушди малакаҳои ҷустуҷӯйи иттилоот, таҳлили манбаъҳо ва истифодаи дурусти адабиёти илмӣ мусоидат менамояд.
Чунин боздидҳои маърифатӣ барои тақвияти шавқу рағбат ба китобхонӣ, баланд бардоштани сатҳи тафаккури илмӣ, худомӯзӣ ва истифодаи самараноки захираҳои дониш нақши муҳим доранд. Роҳбарияти Коллеҷ тасмим дорад, ки дар оянда низ чунин сафарҳои омӯзишию маърифатиро мунтазам ба роҳ монад.
Хулоса, сафари омӯзишӣ ба китобхонаи миллӣ барои омӯзгорон ва донишҷӯён бисёр судманд арзёбӣ гардида, дар болоравии сатҳи дониш, фарҳанги иттилоотӣ ва малакаҳои таҳқиқотии онҳо таъсири назаррас гузошт.