Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Сада дар сарзамини ватани азизи мо Тоҷикистон расман аз нав эҳё гардид. Ҷашни Сада ёдгорест аз даврони ориёиҳо.
Аз замони ориёиҳо сар карда то даврони салтанати ғазнабиёну салчуқиён ва дар баъзе минтақаҳо то замони муғул маълум буд. Дар дарбор ва байни мардум дар қатори ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мегардид. Баъд аз асрҳои ХII-ХIII бо таъсири рӯҳониёни мутаассиб таҷлили Ҷашни Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи мардумони ориётабор ба шумор мерафт.
Моҳияти ҷашни Садаро пирӯзии рӯшоноӣ бар торикӣ, гармо бар сармо ва некӣ бар бадӣ ташкил дода мардум онро бо афрӯхтани гулханҳои бузург таҷлил мекарданд. Ғояи асосии ҷашни Сада гиромидошти нуру рӯшноӣ ва гармӣ мебошад.
Дар устураҳои бостонӣ омадааст, ки мардум бо афрӯхтани оташ фасли баҳор ва гармию равшаниро даъват мекарданд. Муроду мақсади мардум аз баргузории он оғоз намудани омодагиҳо ба корҳои кишоварзӣ ва боғдорӣ мебошад.
Ҷашнҳои Наврӯз, Тигрон, Меҳргон, ва Сада хоси чор мавсим буда, ҷанбаи асотирӣ, нуҷумӣ, табиӣ ва иҷтимоӣ дорад. Ҷойе ҳам ниёгонамон фаротар аз мо назар андохтаанд, ки на зоҳирист, балки амиқу дақиқ аст.
Ва олами сағиру кабирро дар ҳамбастагӣ дарёфтаанд. Чуноне аз назари онон “рӯҳ дар бадан ба манзалаи моҳтоб.” Дар ин доду ситад идҳо идомаи мантиқии якдигаранд. Ҳар ҷашне унсуреро ба сурати бунёд муқаррар медоштааст. Дар Сада, ки аз ин тартиб берун нест оташро яке аз чор унсури муқаддас парастиш мекунанд.
Сада “Ҷашни мулуки номдор аст”, ки аз шоҳони кӯҳан расида ва ишораест аз ҷашнвораи давлатӣ. На ҷашни хонаводагӣ буд, балкӣ тамоми шаҳру деҳотро меоростанд ва рӯзи муқаррар оташи бузург меафрӯхтанд.
Сада ишора ба гузаштан аз сад рӯз пас аз оғози зимистон аст. Ҳамчунин, ақидаҳое низ ҷой дорад, ки истилоҳи “сада” ва таҷлили ҷашни Садаро бо ба сад расидани фарзандони Одам ва ё Каюмарс алоқаманд мекунад.
Берунӣ дар асараш “ Ат-тафҳим” Сада ном гирифтани ин ҷашнро ба он маъно медонад, ки форсиёни қадим 50 шабу 50 рӯз пеш аз Наврӯз онро ҷашн мегирифтанд. Онҳо рӯз ва шабҳоро алоҳида ҳисоб мекарданд. Аз ин лиҳоз, бинобар ақидаи ин мутафаккир, истилоҳи “сада” баргирифта аз адади 100 мебошад , ки ҷамъи 50 шабу 50 рӯз мебошад.
Сада ҷашн, иди шинохт, соати ошноии воқеӣ бо гармидеҳ ва моддаи рӯшноиафзой аст. Ва ҳамонест модаест, ки аз тавлид то марг ҳамроҳаш хоҳад буд. То зинда аст оташ дар ҷисм дорад. Ва манбаи ҳаракати ӯ гармист.
Ҳаст дар олам ҷонваре, ки аз оташ бигрезад. Ҳар куҷое рӯшноӣ бидамад, ҳама ҷонварон ҳозир бошанд. Ва тифл низ баҳра аз рӯшанӣ гирад. Аҳмади Тӯсӣ навиштааст, ки: “Ва бошад, ки тифлро ранҷе бувад ноаён ва нолад ва гиряд ва пистон дар даҳон нагирад ва хобаш нагирад дар шаб, чун модар чароғ боз гирад, ба он биоромад ва сокин гардад”.
Сухан дар суду манфиати оташу гармӣ ва рӯшноӣ фаровон гуфтаанд ва ҳанӯз беш аз ҳазор буштари навиштаҳо китобат шуда. “Ва бидон, ки манофеи оташ зоҳир аст. Агар марде нони хамир хӯрад нопухта..., ҳич лаззате надиҳад. Чун ҳарорати оташ ба вай расад, бӯйи лазиз ва тамъи шоҳӣ дар он падид ояд”.
Сада, ки маҷмуи дониш ва бовариҳои мардуми куҳантаърих аст дар замони Истиқлол эҳё шуд. Ва ҳамасола онро мардуми сарбаланди тоҷик дар сатҳи баланд ҷашн мегиранд.
омӯзгори Коллеҷи махсусгардонидашудаи шаҳри Бохтар